Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2707

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1805

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1529

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1442

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1258

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1092

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1083

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 885

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 861

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 834

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 808

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 795

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 773

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 738

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 725

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 695

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 694

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 674

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 670

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 668

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 666

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 663

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 649

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 628

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 587

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Гар гумшудагони рӯзгорем

👁 20

Гар гумшудагони рӯзгорем, Раҳёфтагони кӯйи ёрем! Гум гардад рӯзгор чун мо, Гар оташи дил бар ӯ гуморем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дар ишқи қадим солх(в)ардем

👁 14

Дар ишқи қадим солх(в)ардем, В-аз гуфти ҳасуд барнагардем! З-ин дамдамаҳо занон битарсанд, Бар мо ту махон, ки марди мардем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ноомада сел, тар шудастем

👁 12

Ноомада сел, тар шудастем, Норафта ба дом, пойбастем. Шатранҷ надидаему мотем, Як ҷуръа нахурдаему мастем.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай ҷони латифу ай ҷаҳонам

👁 15

Ай ҷони латифу ай ҷаҳонам, Аз хоби гарон-т барҷаҳонам. Бе шарму ҳаё кунам тақозо, Донӣ, ки ғарими беамонам.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Имрӯз маро чи шуд, чи донам?!

👁 19

Имрӯз маро чи шуд, чи донам?! Имрӯз ман аз сабукдилонам! Дар дидаи ақл бас макинам, Дар дидаи ишқ бемаконам!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ман уштури масти шаҳрёрам

👁 19

Ман уштури масти шаҳрёрам, Он хоям, к-аз гулӯ барорам! Чун гулбуни рӯйи ӯст хӯям, Ушкуфаи ман бувад нисорам!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар нози туро ба гуфт н-орам

👁 10

Гар нози туро ба гуфт н-орам, Миҳри ту даруни сина дорам! Бе миҳри ту гар гуле бибӯям, Дарҳол бисӯз ҳамчу хорам!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ман дӯш ба тоза аҳд кардам

👁 19

Ман дӯш ба тоза аҳд кардам, Савганд ба ҷони ту бих(в)ардам, К-аз рӯйи ту чашм барнадорам, Гар теғ занӣ, зи ту нагардам!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ё Раб, тавба чаро шикастам?!

👁 17

Ё Раб, тавба чаро шикастам?! В-аз луқма даҳон чаро набастам?! Гар васваса кард гирдпечам, Дар печиши ӯ чаро нишастам?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай бурда намози ман зи ҳангом

👁 17

Ай бурда намози ман зи ҳангом, Ҳин, вақти намоз шуд, биёром! Ай хӯрда ту хуни сад қаландар, Ай бар ту ҳалол хун, биёшом!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷуз ҷониби дил бад-он наёем

👁 22

Ҷуз ҷониби дил бад-он наёем, Як лаҳза буруни дил напоем! Монандаи нойи сарбурида Бебарг шудему бонавоем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар аз ғами ишқ ор дорем

👁 13

Гар аз ғами ишқ ор дорем, Пас мо ба ҷаҳон чи кор дорем?! Ё Раб, ту мадиҳ қарор моро, Гар бе рухи ту қарор дорем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зинҳор маро магӯ, ки пирам

👁 17

Зинҳор маро магӯ, ки пирам, Пириву фано куҷо пазирам? Ман моҳии чашмаи ҳаётам, Ман ғарқаи баҳри шаҳду ширам.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ман бо ту ҳадиси безабон гӯям

👁 10

Ман бо ту ҳадиси безабон гӯям В-аз ҷумлаи ҳозирон ниҳон гӯям. Ҷуз гӯши ту нашнавад ҳадиси ман, Ҳарчанд миёни мардумон гӯям.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Куҷойӣ, соқиё, дардиҳ мудомам

👁 8

Куҷойӣ, соқиё, дардиҳ мудомам, Ки ман аз ҷон ғуломатро ғуломам! Май андардиҳ, тиҳидастам чӣ дорӣ, Ки аз хуни ҷигар пур гашт ҷонам!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чунон мастам, чунон мастам ман ин дам

👁 12

Чунон мастам, чунон мастам ман ин дам, Ки Ҳавворо бинашносам зи Одам! Зи шӯри ман бишӯридаст дарё, Зи сармастии ман маст аст олам!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Маро хондӣ зи дар, ту ҷастӣ аз бом

👁 21

Маро хондӣ зи дар, ту ҷастӣ аз бом, Зиҳӣ бозӣ, зиҳӣ бозе, зиҳӣ дом! Аз он бозӣ, ки ман медонаму ту, Чи бозиҳо ту пухтастиву ман хом?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биё, бо ҳам сухан аз ҷон бигӯем

👁 19

Биё, бо ҳам сухан аз ҷон бигӯем, Зи гӯшу чашмҳо пинҳон бигӯем! Чу гулшан бе лабу дандон бихандем, Чу фикрат бе лабу дандон бигӯем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Магардон рӯйи худ, ай дида рӯям

👁 17

Магардон рӯйи худ, ай дида рӯям, Ба ман бингар, ки то аз ту бирӯям! Сабӯйи ҷисмам аз чашма-т пуроб аст, Макун, ай сангдил, машкан сабӯям!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бар он будам, ки фарҳанге биҷӯям

👁 20

Бар он будам, ки фарҳанге биҷӯям, Ки он дам рӯ ниҳад рӯйе ба рӯям! Бигуфтам: “Як сухан дорам ба хотир, Ба пеш о, то ба гӯши ту бигӯям!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Миёни мо даро, мо ошиқонем

👁 22

Миёни мо даро, мо ошиқонем, Ки то дар боғи ишқат дур кашонем! Муқими хонаи мо шав чу соя, Ки мо хуршедро ҳамсоягонем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биё, мо чанд кас бо ҳам бисозем

👁 19

Биё, мо чанд кас бо ҳам бисозем, Чу шодӣ кам шавад, бо ғам бисозем! Биё, то бо Худо хилват гузинем, Чу Исо бо чунин Марям бисозем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биё, имрӯз мо миҳмони мирем

👁 22

Биё, имрӯз мо миҳмони мирем, Биё, то пеши мири худ бимирем! Зи марги мо ҷаҳоне зинда гардад, Азеро мо на қурбони ҳақирем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ману ту дӯш шаб бедор будем

👁 17

Ману ту дӯш шаб бедор будем, Ҳама хуфтанду мо бар кор будем! Ҳарифи ғамзаи ғаммоз гаштем, Ба пеши турраи таррор будем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шаби дӯшина мо бедор будем

👁 22

Шаби дӯшина мо бедор будем, Ҳама хуфтанду мо бар кор будем! Ҳарифи ғамзаи ғаммоз гаштем, Надими турраи таррор будем!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Саҳифаи 321 аз 1003