Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз бути бохабари ман хабаре мерасадам
Аз бути бохабари ман хабаре мерасадам В-аз лаби чун шакари ӯ шакаре мерасадам! Шакар андар шакар андар шакар андар шакар аст, Шакаре дар даҳан асту дигаре мерас
Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам
Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам, Тобише нав ба нав аз ҳусну ҷамолаш расадам! Ё Раб, ин бӯйи тараб аз тарафи фирдавс аст Ё насимест, ки аз рӯзи висол
Ҳала, рафтему гаронӣ зи ҷамолат бурдем
Ҳала, рафтему гаронӣ зи ҷамолат бурдем, Ҷиҳати тӯшаи раҳ зикри висолат бурдем! То ки морову туро тазкирае бошад ёд, Дили хаста ба ту додему хаёлат бурдем!
Дида аз халқ бибастам, чу ҷамолаш дидам
Дида аз халқ бибастам, чу ҷамолаш дидам, Масти бахшойиши ӯ гаштаму ҷон бахшидам! Ҷиҳати муҳри Сулаймон ҳама тан мум шудам, В-аз пайи нур шудан мум, маро молидам
Назаре ба кори ман кун, ки зи даст рафт корам
Назаре ба кори ман кун, ки зи даст рафт корам, Ба касам макун ҳавола, ки ба ҷуз ту кас надорам! Чи камӣ дарояд охир, башаро, ба хонаи ту, Агар аз шароби васлат
Фалако, бигӯ, ки то кай гилаҳои ёр гӯям?!
Фалако, бигӯ, ки то кай гилаҳои ёр гӯям?! Набувад шабе, ки оям зи миёни кор, гӯям! Зи миёни ӯ мақомам камар асту кӯҳу саҳро, Биҷаҳам аз ин миёну сухани канор гӯ
Ду ҳазор аҳд кардам, ки сари ҷунун нахорам
Ду ҳазор аҳд кардам, ки сари ҷунун нахорам, Зи ту даршикаст аҳдам, зи ту бод шуд қарорам! Зи раҳи зиёдаҷӯйӣ ба тариқи хирарӯйӣ Биравам, ки кадхудоям, ғала бидра
Ҳавасест дар сари ман, ки сари башар надорам
Ҳавасест дар сари ман, ки сари башар надорам, Ман аз ин ҳавас чунонам, ки зи худ хабар надорам! Ду ҳазор мулк бахшад шаҳи ишқ ҳар замоне, Ман аз ӯ ба ҷуз ҷамола
Алами ишқ баромад, бираҳонад зи заҳирам
Алами ишқ баромад, бираҳонад зи заҳирам, Ба лаби чашмаи ҳайвон бикашам пой, бимирам! Ба кӣ монам, ба кӣ монам, ки сутурлоби ҷаҳонам?! Чу қазо ҳукмравонам, на ам
Бути бенақшу нигорам, ҷузи ту ёр надорам
Бути бенақшу нигорам, ҷузи ту ёр надорам, Туйӣ ороми дили ман, мабар, ай дӯст, қарорам! Зи ҷафои ту ҳазинам, ҷузи ишқат нагузинам, Ҳавасе нест ҷуз инам, ҷуз аз
Зи яке пистадаҳоне, санаме баста, даҳонам
Зи яке пистадаҳоне, санаме баста, даҳонам, Чу бирӯйид наботаш, чу шакар баст забонам! Ҳама хубии қамар ӯ, ҳама шодист магар ӯ, Ки аз ӯ ман тани худро зи шакар б
Бизан он пардаи дӯшин, ки ман имрӯз хамӯшам
Бизан он пардаи дӯшин, ки ман имрӯз хамӯшам, Зи тафи оташи ишқат мани дилсӯз хамӯшам! Манам он боз, ки мастам, зи кулаҳ баста шудастам, Зи кулаҳ чашмфарозам, зи
Бизан он пардаи нӯшин, ки ман аз нӯши ту мастам
Бизан он пардаи нӯшин, ки ман аз нӯши ту мастам, Бидиҳ, ай Ҳотами мастон, қадаҳи зафт ба дастам! Ҳала, ай сардиҳи мастон, ба ғазаб рӯй магардон, Ки ман аз арбад
Бори дигар аз дилу аз ақлу ҷон бархостем
Бори дигар аз дилу аз ақлу ҷон бархостем, Ёр омад дар миён, мо аз миён бархостем! Аз фано рӯ тофтему дар бақо дарбофтем, Бенишонро ёфтему аз нишон бархостем!
Чун бидидам субҳи рӯят, дарзамон бархестам
Чун бидидам субҳи рӯят, дарзамон бархестам, Гарм дар кор омадам, мавқуфи мутриб нестам! Ҳамчу соя дар тавофам гирди нури офтоб, Гаҳ суҷудаш мекунам, гоҳе ба сар
Чун ҳама ёрони мо рафтанду танҳо мондем
Чун ҳама ёрони мо рафтанду танҳо мондем, Ёри танҳомондагонро дам ба дам мехондем! Ҷумла ёрон чун хаёл аз пеши мо бархостанд, Мо хаёли ёри худро пеши худ биншонд
Рӯйи некат бад кунад, ман некро бар бад ниҳам
Рӯйи некат бад кунад, ман некро бар бад ниҳам, Ошиқе бас пухтаам, ин нангро бар х(ва)д ниҳам! Нанги ошиқ танг дорад аз ҳама фахри ҷаҳон, Нангро ман бар сари он
Не ту гуфтӣ: «Аз ҷафои он ҷафогар нашканам?!»
Не ту гуфтӣ: «Аз ҷафои он ҷафогар нашканам?!», Не ту гуфтӣ: «Оламе дар ишқи ӯ барҳам занам?!». Не ту дасти ӯ гирифтӣ, аҳд кардӣ ду ба ду? К-аз пайи он ҷону дил
Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам
Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам, Бандҳоро бардаронам, пандҳоро бишканам! Чархи бадпайвандро ман баркушоям банд-банд, Ҳамчу шамшери аҷал пайвандҳоро б
Чашм бикшо, ҷон нигар, к-аш сӯйи ҷонон мебарам
Чашм бикшо, ҷон нигар, к-аш сӯйи ҷонон мебарам, Пеши он иди азал ҷон баҳри қурбон мебарам! Чун кабӯтар хонаи ҷонҳо аз ӯ маъмур гашт, Пас, чаро ин зираро ман сӯй
Ишва додастӣ, ки ман дар бевафойӣ нестам
Ишва додастӣ, ки ман дар бевафойӣ нестам, Бас кун охир, бас кун охир, рустойӣ нестам! Чун ҷудо кардӣ ба ханҷар ошиқонро банд-банд, Чун маро гӯйӣ, ки дар банди ҷ
Хешро чун хор дидам, сӯйи гул бигрехтам
Хешро чун хор дидам, сӯйи гул бигрехтам, Хешро чун сирка дидам, дар шакар омехтам! Косаи пурзаҳр будам, сӯйи тарёқ омадам, Соғаре дурдӣ будам, дар оби ҳайвон ре
Имрӯз наям малӯл, шодам
Имрӯз наям малӯл, шодам, Ғамро ҳама тоқ барниҳодам! Бар сиблати ҳар куҷо малӯлест, Гар мири ман асту устодам!
Мо шохи гулем, не гиёҳем
Мо шохи гулем, не гиёҳем, Мо меваи тарру тоза хоҳем! Ушкуфаи боғи осмонем, Нуқлу майи маҷлиси Илоҳем!
Не симу на зар, на мол хоҳем
Не симу на зар, на мол хоҳем, Аз лутфи ту парру бол хоҳем! На ҳокимиву на ҳукм хоҳем, Бар ҳукми ту иҳтимол хоҳем!

