Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Аз бути бохабари ман хабаре мерасадам

Аз бути бохабари ман хабаре мерасадам В-аз лаби чун шакари ӯ шакаре мерасадам! Шакар андар шакар андар шакар андар шакар аст, Шакаре дар даҳан асту дигаре мерасадам! Ҳар дам аз гулшани ӯ турфа гуле месигалам, Ҳар замон тозагул аз шохи таре мерасадам! Хира аз ишқи ваям, к-аз ҳавасаш ҳар нафасе Ошиқи сӯхтаи хирасаре мерасадам! Он яке зард шуда, к-оташи ӯ мекашадам, В-ин дигар ҳаст, ки аз вай назаре мерасадам! В-он дигар бар дари он хонаи ӯ биншаста, Ки дар ар боз нашуд, бонги даре мерасадам! В-он яке бар сари он хок сарак бинҳода, Ки зи хокаш сифати ҷонваре мерасадам!