Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дар ишқи қадим солх(в)ардем

Дар ишқи қадим солх(в)ардем, В-аз гуфти ҳасуд барнагардем! З-ин дамдамаҳо занон битарсанд, Бар мо ту махон, ки марди мардем! Мардона кунем кори мардон, Пинҳон накунем, он чи кардем! Моро ту ба зарду сурх мафреб, К-аз ханҷари ишқ рӯйзардем! Бар дард ҳазор офарин бод, Боқӣ бари мо, ки ёри дардем!