Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зи қанди ёр то шохе нахоям

Зи қанди ёр то шохе нахоям, Намози шом рӯза кай кушоям?! Намедонам, куҷо мерӯяд он қанд, К-аз ӯ хӯрдам, намедонам куҷоям?! Аҷойиб он, ки нақлаш ақли ман бурд, Чу ақлам нест, чунаш меситоям?! Кӣ дорад рӯза ҳамчун рӯзаи ман, К-аз ӯ ҳар лаҳза идӣ мерабоям?! Зи субҳи рӯйи ӯ дорам сабӯҳӣ, Намози шомро ҳаргиз напоям! Чу гул дар боғи ҳуснаш хуш бихандам, Чу субҳ аз офтобаш хуш бароям! Забонам аз шароби ӯ шикастаст, Зи дастонаш шикаста дасту поям!