Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Манам фитна, ҳазорон фитна зодам

Манам фитна, ҳазорон фитна зодам, Ба ман бингар, ки доди фитна додам! Зи ман магрез, зеро дарфитодӣ, Бигӯ: “Алҳамдулиллаҳ, дарфитодам!” Аҷаб чизест ишқу ман аҷабтар, Ту гӯйӣ, ишқро худ ман ниҳодам! Биё, гар ман манам, хунам бирезед, Ки то худ ман намурдам, ман назодам! Нагӯям сирри ту, к-он ғамз бошад, Вале ногуфта банде баркушодам!