Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ай ҳаваси ишқи ту карда ҷаҳонро забун
Ай ҳаваси ишқи ту карда ҷаҳонро забун, Хираи ишқат чу ман ин фалаки сарнагун! Медару медӯз ту, мебару месӯз ту, Хун куну мешӯй ту хуни диламро ба хун!
Ай дам ба дам мусаввири ҷон аз даруни тан
Ай дам ба дам мусаввири ҷон аз даруни тан, Наздиктар зи фикрати ин нуктаҳо ба ман! З-ояндаву гузашта чаро ёд мекунам?! Ки лаззати замониву ҳам қиблаи заман!
Аз Занг лашкар омад, бар қалби лашкараш зан!
Аз Занг лашкар омад, бар қалби лашкараш зан! Ай сарфароз марде, мардона бар сараш зан! Чун оташ ор ҳамла, к-ӯ ҳезум аст ҷумла, Аз оташи дили худ дар хушку дар т
Имрӯз саркашонро ишқат зи ҷилва кардан
Имрӯз саркашонро ишқат зи ҷилва кардан Овард бори дигар як-як бибаста гардан! Рав, рав, ту дар гулистон, бингар ба гулпарастон, Як лаҳза саҷда кардан, як лаҳза
Он хубро талаб кун андар миёни ҳурон
Он хубро талаб кун андар миёни ҳурон, Машнав касе, ки гӯяд: «Он фитнаро машӯрон!». Дар дил чу нақш бандад, ҷон аз тараб бихандад, Сад гун шакар биҷӯшад аз талхи
Ай дил, зи шоҳи ҳурон ё қиблаи сабурон
Ай дил, зи шоҳи ҳурон ё қиблаи сабурон Кун шукр бо шакурон, ту фитнаро машӯрон! Ман марди фитнаҷӯям, ман тарки ин нагӯям, Ман даст аз ӯ нашӯям, ту фитнаро машӯр
Гуфтӣ маро ки «Чунӣ?», дар рӯйи мо назар кун
Гуфтӣ маро ки «Чунӣ?», дар рӯйи мо назар кун, Гуфтӣ: «Хушӣ ту бе мо!», з-ин таънаҳо гузар кун! Гуфтӣ маро ба ханда: «Хуш бод рӯзгорат!», Кас бе ту хуш набошад,
Ба шакарханда бибурдӣ дили ман
Ба шакарханда бибурдӣ дили ман, Бишикан шаккару, дилро машикан! Дили моро, ки зи ҷо баркандӣ, Ба ту омад, пару болаш бимакан!
Рав, қарор аз дили мастон бистон
Рав, қарор аз дили мастон бистон, Рав, хироҷ аз гули бустон бистон! Кулаҳи маҳ зи сари маҳ баргир, Гарави гул зи гулистон бистон!
Ай Худо, ин васлро ҳиҷрон макун!
Ай Худо, ин васлро ҳиҷрон макун! Сархушони ишқро нолон макун! Боғи ҷонро тозаву сарсабз дор! Қасди ин мастону ин бустон макун!
Омад, омад дар миён хуби Хутан
Омад, омад дар миён хуби Хутан, Ҳар ду дастатро бишӯ аз ҷону тан! Дод шамшере ба дасти ишқу гуфт: «Ҳар-чи бинӣ ғайри ман, гардан бизан!»
Ҷони ман ҷони ту, ҷонат ҷони ман
Ҷони ман ҷони ту, ҷонат ҷони ман, Ҳеч дидастӣ ду ҷон дар як бадан?! Ай тан, ар бе ӯ ба сад ҷон зиндайӣ, Ҷон талаб кун, ҷону лофи тан мазан!
Фақрро дар хоб дидам дӯш ман
Фақрро дар хоб дидам дӯш ман, Гаштам аз хубии ӯ беҳуш ман! Аз ҷамолу аз камоли лутфи фақр То саҳаргаҳ будаам мадҳуш ман!
Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман
Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман, Банд гардад пеши ӯ гуфтори ман! Узр мегӯяд, ки яъне хомушам, Бо ту мегӯяд дили ҳушёри ман!
Соқиё, бархезу май дар ҷом кун
Соқиё, бархезу май дар ҷом кун В-аз шароби ишқ дилро дом кун! Номи риндиро бикун бар худ дуруст, Хештанро лоуболӣ ном кун!
Ҷони ҷонҳойӣ ту, ҷонро баршикан!
Ҷони ҷонҳойӣ ту, ҷонро баршикан! Кас туйӣ, дигар касонро баршикан! Гавҳари боқӣ, даро дар дидаҳо, Санг бистон, боқиёнро баршикан!
Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун
Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун В-ончи андар фаҳм н-ояд, фаҳм кун! Дар дили чун санги мардум оташест, К-ӯ бисӯзад пардаро аз беху бунҷ
Май бидиҳ, ай соқии охирзамон
Май бидиҳ, ай соқии охирзамон, Ай рабуда ақлҳои мардумон! Хокиён з-ин бода бар гардун заданд, Ай майи ту нардбони осмон!
Шоҳи мо боре барои коҳилон
Шоҳи мо боре барои коҳилон Ганҷ мебахшад ба ҳар дам ройгон! Ассало, ёрон, ба сӯйи тахти шоҳ, Ганҷи беранҷ асту суди безиён!
Шермардо, ту чи тарсӣ зи саги лоғарашон?!
Шермардо, ту чи тарсӣ зи саги лоғарашон?! Баркаш он теғи чу пӯлоду бизан бар сарашон! Чун малак сохта худро ба пару боли дурӯғ, Ҳама деванд, ки иблис бувад миҳт
Ба Худо, гул зи ту омӯхт шакар хандидан
Ба Худо, гул зи ту омӯхт шакар хандидан, Ба Худо, куҳ зи ту омӯхт камар бандидан! Ба Худо, чарх ҳамон дид, ки ман дидастам, В-ар надидӣ, зи чӣ будиш ба сар гард
Чун хаёли ту дарояд ба дилам рақскунон
Чун хаёли ту дарояд ба дилам рақскунон, Чи хаёлоти дигар маст дарояд ба миён! Гирд бар гирди хаёлаш ҳама дар рақс шаванд В-он хаёли чу маҳи ту ба миён чархзанон
Инак он анҷуми равшан, ки фалак чокарашон
Инак он анҷуми равшан, ки фалак чокарашон, Инак он пардагиёне, ки хирад чодарашон! Хамчу андеша ба ҳар сина бувад масканашон, Ҳамчу хуршед ба ҳар хона фитад лаш
Чӣ шакар дод, аҷаб, Юсуфи хубӣ ба лабон
Чӣ шакар дод, аҷаб, Юсуфи хубӣ ба лабон, Ки шуд Идрисаш қӣмозу Сулаймон балабон?! Ба шакархонаи ӯ рафта ба сар лабшакарон, Монда андар аҷабаш хира ҳама булҷабон
Ба Худо, майл надорам на ба чарбу на ба ширин
Ба Худо, майл надорам на ба чарбу на ба ширин, На бад-он кисаи пурзар, на бад-ин косаи заррин! Бикушӣ аҳли заминро, ба фалак бонг занад маҳ, Ки зиҳӣ ҷуду самоҳа

