Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун

Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун В-ончи андар фаҳм н-ояд, фаҳм кун! Дар дили чун санги мардум оташест, К-ӯ бисӯзад пардаро аз беху бунҷ Чун бисӯзад парда, дарёбад тамом Қиссаҳои Хизру илми манладун! Дар миёни ҷону дил пайдо шавад Сурати нав-нав аз он ишқи куҳун! Чун бихонӣ ваззуҳо, хуршед бин, Кони зар бин, чун бихонӣ ламякун!