Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай дам ба дам мусаввири ҷон аз даруни тан

Ай дам ба дам мусаввири ҷон аз даруни тан, Наздиктар зи фикрати ин нуктаҳо ба ман! З-ояндаву гузашта чаро ёд мекунам?! Ки лаззати замониву ҳам қиблаи заман! Ҷони ҳақойиқиву хаёлоти дилрабо В-он нақшҳои маҳ, ки нагунҷад дар ин даҳан!