Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чу ширинтар намуд, ай ҷон, маҳо, шӯру балойи ту
Чу ширинтар намуд, ай ҷон, маҳо, шӯру балойи ту, Биҳиштам ҷони ширинро, ки месӯзад баройи ту! Равон аз ту хиҷил бошад, диламро по ба гил бошад, Маро чӣ ҷойи дил
Симбаро, зи сими ту симбарам, ба ҷони ту!
Симбаро, зи сими ту симбарам, ба ҷони ту! В-аз майи нав, ки додайӣ, ҷон набарам, ба ҷони ту! Захми гарон ҳамекашам, захм бизан, ки ман х(в)ашам, Гарчи даруни от
Дар сафари ҳавои ту бехабарам, ба ҷони ту
Дар сафари ҳавои ту бехабарам, ба ҷони ту, Нек муборак омадаст ин сафарам, ба ҷони ту! Лаъл қабосамар шудӣ, чунки дар он камар шудӣ, Куштаи зор дар миён з-он ка
Ҷону сари ту, ай писар, нест касе ба пойи ту
Ҷону сари ту, ай писар, нест касе ба пойи ту, Ойина бин, ба худ нигар, кист дигар варойи ту?! Бӯса бидиҳ ба рӯйи худ, роз бигӯ ба гӯши худ, Ҳам ту бибин ҷамоли
Ай шакарон, ай шакарон, кони шакар дорам аз ӯ
Ай шакарон, ай шакарон, кони шакар дорам аз ӯ, Пандпазиранда наям, шӯру шарар дорам аз ӯ! Хонаи шодист дилам, ғусса надорам, чӣ кунам?! Ҳар чи ба олам туруше, д
Шаб шуд, ай Хоҷа-Закӣ, охир, он ёри ту ку?!
Шаб шуд, ай Хоҷа-Закӣ, охир, он ёри ту ку?! Ёри хушовози ту, он хушдаму шаштори ту ку?! Ёри латифи тари ту хуфта бувад дар бари ту, Хуфта кунад нолаи хуш, хуфта
Равшании хона туйӣ, хона бимагзору марав
Равшании хона туйӣ, хона бимагзору марав, Ишрати чун шаккари моро ту нигаҳ дору марав! Ишва диҳад душмани ман, ишваи ӯро машунав, Ҷону диламро ба ғаму ғусса бим
Ай ту чу хуршеду шаҳи хоси ман
Ай ту чу хуршеду шаҳи хоси ман, Куфри ману тавбаву ихлоси ман! Рақс кунад бар сари чарх офтоб, То ту бигӯйӣ, ки «Раққоси ман!».
Зулмати шаб партави зулмоти ман
Зулмати шаб партави зулмоти ман, Нури маҳ аз нури мулоқоти ман! Гавҳари тоъат шуд аз он кимиё Зиллату инкору ҷиноёти ман!
Ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони ман
Ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони ман, Они манӣ, они манӣ, они ман! Шоҳи манӣ, лойиқи савдои ман, Қанди манӣ, лойиқи дандони ман!
Маст расид он бути бебоки ман
Маст расид он бути бебоки ман, Дурдкашу дилхушу чолоки ман! Гуфт: «Ба ман бингару дилшод шав, Ҳеч ба худ мангар, ғамноки ман!
Чист бо ишқ ошно будан
Чист бо ишқ ошно будан, Ба ҷуз аз коми дил ҷудо будан?! Хун шудан, хуни худ фурӯ хӯрдан, Бо сагон бар дари вафо будан!
Сер гаштам зи нозҳои хасон
Сер гаштам зи нозҳои хасон, Камзанам ман чу равғани баласон! Баъд аз ин шаҳдро ниҳон дорам, То наяфтанд андар ӯ магасон!
Гар танг будӣ ин синаи ман
Гар танг будӣ ин синаи ман, Равшан нашудӣ ойинаи ман! Ай хор гуле аз равзаи ман, Дӯзах табише аз кинаи ман!
Як қӯсира пур дорам зи сахун
Як қӯсира пур дорам зи сахун, Ҷон мешунавад, ту гӯш макун! Дар банди худӣ, з-ин сер шудӣ, Гирӣ сари худ, ай бесару бун!
Ба пеш ор сағроқи гулгуни ман
Ба пеш ор сағроқи гулгуни ман, Надонам, ки бода-ст ё хуни ман! Наҷотест ҷонро зи ғарқоби ғам Чу киштии Нӯҳе ба Ҷайҳуни ман!
Танат з-ин ҷаҳон асту дил з-он ҷаҳон
Танат з-ин ҷаҳон асту дил з-он ҷаҳон, Ҳаво ёри ину Худо ёри он! Дили ту ғарибу ғами ӯ ғариб, Наянд аз замину на аз осмон!
Бигӯям мисоле аз ин ишқи сӯзон
Бигӯям мисоле аз ин ишқи сӯзон, Яке оташе дар ниҳонам фурӯзон! Агар мебинолам вагар менанолам, Ба кор аст оташ ба шабҳову рӯзон!
Ба сулҳ омад он турки тунди арбадакун
Ба сулҳ омад он турки тунди арбадакун, Гирифт дасти маро, гуфт: «Тукри ярлағасун». Суол кардам аз чарху гардиши кажи ӯ, Газид лаб, ки раҳо кун ҳадиси бесару бун
Наъими ту на аз он аст, ки сер гардад ҷон
Наъими ту на аз он аст, ки сер гардад ҷон, Маро ба хони ту бояд ҳазор ҳалқу даҳон! Биё, ки оби ҳаётиву банда мустасқӣ, На бандарост малолат, на лутфрост карон!
Мақоми ноз надорӣ, бирав, ту ноз макун
Мақоми ноз надорӣ, бирав, ту ноз макун, Чу мева пухта нагашт, аз дарахт боз макун! Ба пеши қиблаи Ҳақ ҳамчу бут маё, манишин, Намози худро аз хеш бенамоз макун!
Ба ман нигар, ба ду рухсори заъфаронии ман
Ба ман нигар, ба ду рухсори заъфаронии ман, Ба гуна-гуна аломоти онҷаҳонии ман! Ба ҷони пири қадиме, ки дар ниҳоди ман аст, Ки бод хоки қадамҳо-ш ин ҷавонии ман
Ҳар чи кунӣ ту, кардайи ман дон
Ҳар чи кунӣ ту, кардайи ман дон, Ҳар чи кунад тан, карда бувад ҷон! Чашми манӣ ту, гӯши манӣ ту, Ин ду бигуфтам, боқӣ медон!
Ё ту туруш карда рӯ, моядиҳи шаккарон
Ё ту туруш карда рӯ, моядиҳи шаккарон Тунги шакар мекашад, то биниҳад дар миён! Сиркафурӯшон, ҳало, сирка бирезед зуд, То ки асал пур кунад он шаҳи шаккарлабон!
Беш макун ҳамчунон, хона даро ҳамчунин
Беш макун ҳамчунон, хона даро ҳамчунин, Ай зи ту равшан шуда саҳну саро ҳамчунин! Бодаи ҷон хӯрдайӣ, дил зи ҷаҳон бурдайӣ, Хашм чаро кардайӣ? Чист? Чаро ҳамчуни

