Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳазор бор кашидаст ишқи кофархӯ
Ҳазор бор кашидаст ишқи кофархӯ Шабам зи бом ба ҳуҷра, зи ҳуҷра то сари кӯ! Шаб ончунону пагоҳ омада, ки ҳай бархез, Гирифта гӯши маро сахт ҳамчу гӯши сабӯ!
Ойинаи ҷон шуда чиҳраи тобони ту
Ойинаи ҷон шуда чиҳраи тобони ту, Ҳар ду яке будаем, ҷони ману ҷони ту! Моҳи тамоми дуруст, хонаи дил они туст, Ақл, ки ӯ хоҷа буд, бандаву дарбони ту!
Ҳон, ай ҷамоли дилбар, ай шод вақти ту
Ҳон, ай ҷамоли дилбар, ай шод вақти ту, Мо бо ту бас хушем, ки хуш бод вақти ту! Некӯст ҳоли мо, ки накӯ бод ҳоли ту, Хуш бод даври чарх, к-аз ӯ зод вақти ту!
Ай карда чиҳраи ту чу гулнор шарми ту
Ай карда чиҳраи ту чу гулнор шарми ту, Парҳези ман зи чист?! Зи ту, ёр! Шарми ту! Гулшан зи ранги рӯйи ту сад ранг рехтаст, Чун гул чаро дамид зи рухсор шарми т
Ба ҳарифон бинишин, хоб марав
Ба ҳарифон бинишин, хоб марав, Ҳамчу моҳӣ ба таки об марав! Ҳамчу дарё ҳама шаб ҷӯшон бош, Не, пароканда чу селоб марав!
Сӯфиёнем омада дар кӯйи ту
Сӯфиёнем омада дар кӯйи ту, Шайюлиллаҳ аз ҷамоли рӯйи ту! Аз аташ ибриқҳо овардаем, К-оби хубе нест ҷуз дар ҷӯйи ту!
Ай ғизойи ҷони мастам номи ту
Ай ғизойи ҷони мастам номи ту, Чашму ақлам равшан аз айёми ту! Шаш ҷиҳат аз рӯйи ман шуд ҳамчу зар, То бидидам сими ҳафт андоми ту!
Мутрибо, асрори моро бозгӯ
Мутрибо, асрори моро бозгӯ, Қиссаҳои ҷонфазоро бозгӯ! Мо даҳон барбастаем имрӯз аз ӯ, Ту ҳадиси дилкушоро бозгӯ!
Ай бикарда рахти ушшоқон гарав
Ай бикарда рахти ушшоқон гарав, Хун марез ин ошиқонрову марав! Бар сари раҳ ту зи хун осор бин, Ҳар тараф ту наъраи хунин шунав!
Сару по гум кунад он кас, ки шавад дилхуш аз ӯ
Сару по гум кунад он кас, ки шавад дилхуш аз ӯ, Дил кӣ бошад, ки нагардад ҳамагӣ оташ аз ӯ?! Гирди он ҳавз ҳамегардиву ошиқ шудайӣ, Чун шудӣ ғарқи шакар, рав, ҳ
Хунук он дам, ки нишинем дар айвон ману ту
Хунук он дам, ки нишинем дар айвон ману ту, Ба ду нақшу ба ду сурат, ба яке ҷон ману ту! Доди боғу дами мурғон бидиҳад оби ҳаёт, Он замоне, ки дароем ба бустон
Зи ману ту шараре зод дар ин дил зи чунон рӯ
Зи ману ту шараре зод дар ин дил зи чунон рӯ, Ки хато буд аз ин рӯву савоб аст аз он рӯ! Зи ҳамон рӯ, ки зад оташ, зи ҳамон рӯ кашад оташ, Зи ҳамон рӯй, ки мурд
Тараб андар тараб аст ӯ, ки дари ақл шикаст ӯ
Тараб андар тараб аст ӯ, ки дари ақл шикаст ӯ, Ту бибин қудрати Ҳақро, чу даромад хушу маст ӯ! Ҳама имрӯз чунонем, ки сар аз пой надонем, Ҳама то ҳалқ дароем, д
Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав
Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав, В-ай зи нурат нақш баста ҳар замоне ҳури нав! Каж нишину рост биншав, ақл монад ё хирад, Соқие чун туву ҳар дам бодаи
Нолае кун ошиқона, дарди маҳрумӣ бигӯ
Нолае кун ошиқона, дарди маҳрумӣ бигӯ, Порсӣ гӯ соъатеву соъате румӣ бигӯ! Хоҳ румӣ, хоҳ тозӣ, ман нахоҳам ғайри ту, Аз ҷамолу аз камолу лутфи махдумӣ бигӯ!
Ай бародар, ошиқиро дард бояд, дард ку?!
Ай бародар, ошиқиро дард бояд, дард ку?! Собириву содиқиро мард бояд, мард ку?! Чанд аз ин зикри фусурда?! Чанд аз ин фикри заман?! Наъраҳои оташину чиҳраҳои за
Ай ҷаҳон барҳам зада савдои ту, савдойи ту
Ай ҷаҳон барҳам зада савдои ту, савдойи ту, Чошнии умрам аз ҳалвои ту, ҳалвойи ту! Домани гардун пур аз дурр асту марвориду лаъл, То бирезад ҷумларо дар пойи ту
Даргузар омад хаёлаш, гуфт ҷон: «Ин аст ӯ!…»
Даргузар омад хаёлаш, гуфт ҷон: «Ин аст ӯ! Подшоҳи шаҳрҳои ломакон, ин аст ӯ!». Сад ҳазор ангуштҳо андар ишорат дида шуд Сӯйи ӯ аз нури ҷонҳо, к-ай фалон, ин ас
Ай сабо, боде, ки дорӣ дар сар аз ёре, бигӯ!
Ай сабо, боде, ки дорӣ дар сар аз ёре, бигӯ! Гар нагӯйӣ бо касе, бо ошиқон боре бигӯ! Қисса кун дар гӯши мо, гар дигарон маҳрам наянд, Бо дили пурхуни мо пайғом
Ай Санойӣ, ошиқонро дард бояд, дард ку?!
Ай Санойӣ, ошиқонро дард бояд, дард ку?! Бори ҷаври некувонро мард бояд, мард ку?! Бори ҷаври некувон аз диву фардо бартар аст, Вонамо ҷони касе аз диву фардо,
Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав
Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав, Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав! Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман, Ҳар дуро чун нардбон з
Ай сайди рухи ту шеру оҳу
Ай сайди рухи ту шеру оҳу, Пинҳон зи куҷо шавад чунон рӯ?! Чандон ки тавонияш, ту мепӯш, Мебанд ниқоби тӯйи бар тӯ!
Гаронҷонӣ макун, ай ёр, баргӯ
Гаронҷонӣ макун, ай ёр, баргӯ, Аз он зулфу аз он рухсор баргӯ! Зи боғи ҷон ду-се гулдаста барбанд, Ҳикоятҳои он гулзор баргӯ!
Аз ин пастӣ ба сӯйи осмон шав
Аз ин пастӣ ба сӯйи осмон шав, Равонат шод бодо, хуш равон шав! Зи шаҳри пуртабу ларза биҷастӣ, Ба шодӣ сокини доруламон шав!
Ту камтархорайӣ, ҳушёр мерав
Ту камтархорайӣ, ҳушёр мерав, Миёни кажравон раҳвор мерав! Ту он хунбе, ки ман дидам, надидӣ, Маро хунбак мазан, ай ёр, мерав!

