Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Даргузар омад хаёлаш, гуфт ҷон: «Ин аст ӯ!…»

Даргузар омад хаёлаш, гуфт ҷон: «Ин аст ӯ! Подшоҳи шаҳрҳои ломакон, ин аст ӯ!». Сад ҳазор ангуштҳо андар ишорат дида шуд Сӯйи ӯ аз нури ҷонҳо, к-ай фалон, ин аст ӯ! Чун замин сарсабз гашт аз акси он гулзори ӯ, Наъраҳо омад ба гӯшам з-осмон: “Ин аст ӯ!”. Ҳин, сабуктар даст дарзан дар инони маркабаш, Пеш аз он, к-ӯ баркашонад он инон, ин аст ӯ! Рӯ ба моҳ овард Мирриху бигуфташ: «Ҳуш дор, То талофийӣ ту зи хубӣ, ҳону ҳон, ин аст ӯ!». Шамси Табрезӣ, шунидастӣ, бибин ин нурро, К-аз вай омад косидиҳои бутон, ин аст ӯ!