Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2700

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1799

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1523

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1435

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1253

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1087

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1078

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 880

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 856

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 829

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 804

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 787

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 765

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 733

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 724

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 692

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 687

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 668

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 667

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 664

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 664

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 656

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 646

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 627

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 584

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд

👁 166

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд, Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Кадом наҳс баромад, ки-м аз ту ғоиб кард

👁 21

Кадом наҳс баромад, ки-м аз ту ғоиб кард, Кадом боди бало буд, к-аз туам бирбуд. Якем хилъат пӯшид доғи фурқати ту, Ки тори ӯст пушаймонию ғами дил пуд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чун баччаи кабӯтар минқор сахт кард

👁 20

Чун баччаи кабӯтар минқор сахт кард, Ҳамвор кард парру биявганд мӯйи зард. Кобукро нахоҳаду шох орзу кунад В-аз шох сӯйи бом шавад боз гирдгард.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Низ або некувон ҷанг намояд-т фанд

👁 23

Низ або некувон ҷанг намояд-т фанд, Лашкари фарёд не, хоста не судманд. Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд, Ҳар чи ба охир беҳ аст ҷони туро, он писанд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳама ба тунбалу банд аст бозгаштани ӯ

👁 23

Ҳама ба тунбалу банд аст бозгаштани ӯ, Шаранги нӯшомеғ асту рӯйи заррандуд. Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар баркард, Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агарчи умр басе буд, рӯзгор набуд

👁 22

Агарчи умр басе буд, рӯзгор набуд, Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд. Худойро биситудам, ки Кирдгори ман аст, Забонам аз ғазалу мадҳи бандагон-ш насуд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Фариштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад

👁 21

Фариштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад, Чу аз ҳаловати май дилбарам лабон лесад. Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайҳун, Нисоли тират агар қабзаи камон лесад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил

👁 19

Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил, Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад. Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст, К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай рӯйи ту чу рӯзи далели муваҳҳидон

👁 21

Ай рӯйи ту чу рӯзи далели муваҳҳидон В-ай мӯйи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад. Ай ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ Мар ҳуснро муқаддам чун аз калом «қад».

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Маро ту роҳати ҷонӣ, муъояна, на хабар

👁 32

Маро ту роҳати ҷонӣ, муъояна, на хабар, Киро муъояна ояд, хабар чӣ суд кунад?! Сипар бе пеш кашидам ханданги қаҳри туро, Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд куна

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо

👁 26

Дар мадҳи Наср ибни Аҳмад Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо, Рустами Дастон туӣ андар набард. Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад

👁 78

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад Тани дурусту хуйи неку номи неку хирад. Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сарсари ҳаҷри ту, ай сарви баланд

👁 32

Сарсари ҳаҷри ту, ай сарви баланд, Решаи умри ман аз бех биканд. Пас, чаро бастаи ӯям ҳама умр, Агар он зулфи дуто нест каманд?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Пешам омад бимдод он дилбар аз роҳи кадӯх

👁 35

Пешам омад бимдод он дилбар аз роҳи кадӯх Бо ду рух аз шарм лаълу бо ду чашм аз сеҳр шӯх. Остин бигрифтамаш, гуфтам, ки меҳмони ман ой, Дод пӯшида ҷавобам: – Мӯ

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо хирадуманд бевафо бувад ин бахт

👁 51

Бо хирадуманд бевафо бувад ин бахт, Хештани хешро бикӯш ту як лахт. Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пушаймон Ҳар кӣ бидоду бихурд, аз он чи биялфахт?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт

👁 494

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт. Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд, Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба хирасар шумарад серхурда гурснаро

👁 54

Ба хирасар шумарад серхурда гурснаро, Чунон ки дарди касон бар дигар касе хор аст. Чу пусти рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон, Бидон, ки туҳмати ӯ дунбаи ба саркор (?

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб

👁 551

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб, Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб. Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин

👁 36

Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин, Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё. Бошад гаҳи висол бибинанд рӯйи дӯст, Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чу чанги ишқи ӯ бархост созе

👁 49

Чу чанги ишқи ӯ бархост созе, Ба гӯши ҷони ошиқ гуфт розе! Бизад дар бешаи ҷон ишқаш оташ, Бисӯзонид ҳар ҷо бадмиҷозе!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар рӯз пагаҳ зи дар даройӣ

👁 48

Ҳар рӯз пагаҳ зи дар даройӣ, Бар даст шароби ошнойӣ! Бар мо хонӣ саломи сӯзон, Ё Раб, чи латифу хуш балойӣ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯқаламун! Чанд аз инкори ту?!

👁 21

Бӯқаламун! Чанд аз инкори ту?! Дар кафи мо чанд халад хори ту?! Ёри ту аз сирри фалак воқиф аст, Пас чӣ бувад пеши вай асрори ту?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дили ман, дили ман, дили ман бари ту

👁 36

Дили ман, дили ман, дили ман бари ту, Рухи ту, рухи ту, рухи бофари ту! Санамо, санамо, агар ҷон талабӣ, Бидиҳам, бидиҳам, ба ҷону сари ту!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳазор бор кашидаст ишқи кофархӯ

👁 26

Ҳазор бор кашидаст ишқи кофархӯ Шабам зи бом ба ҳуҷра, зи ҳуҷра то сари кӯ! Шаб ончунону пагоҳ омада, ки ҳай бархез, Гирифта гӯши маро сахт ҳамчу гӯши сабӯ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ойинаи ҷон шуда чиҳраи тобони ту

👁 22

Ойинаи ҷон шуда чиҳраи тобони ту, Ҳар ду яке будаем, ҷони ману ҷони ту! Моҳи тамоми дуруст, хонаи дил они туст, Ақл, ки ӯ хоҷа буд, бандаву дарбони ту!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Саҳифаи 311 аз 1002