Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ёд кун, зерат андарун таншӯй
Ёд кун, зерат андарун таншӯй, Ту бар ӯ хор хобанида ситон. Ҷаъдмӯён-т ҷаъд канда ҳаме, Бибурида ба руни ту пистон.
Гунги фасеҳ аст, гӯш нею суханёб
Гунги фасеҳ аст, гӯш нею суханёб, Ланги раванда-ст чашм нею ҷаҳонбин. Тезии шамшер дораду равиши мор, Колбади ошиқону гунаи ғамгин.
Ҳаст бар хоҷа пехта рафтан
Ҳаст бар хоҷа пехта рафтан, Рост чун бар дарахт печад сан. Ин аҷабтар, ки менадонад ӯ Шеър аз шаъру хунбро аз хан.
Хоҳӣ, то марг наёбад туро
Хоҳӣ, то марг наёбад туро, Хоҳӣ, к-аз марг биёбӣ амон, Зери замин хезу ниҳуфте биҷӯй, Пас ба фалак бар шав бе нардбон!
Шоҳӣ, ки ба рӯзи разм аз родӣ
Шоҳӣ, ки ба рӯзи разм аз родӣ Заррин ниҳад ӯ ба тир-дар пайкон, То куштаи ӯ аз он кафан созад, То хастаи ӯ аз он кунад дармон.
Ҳон, соими наволаи ин сифла мизбон
Ҳон, соими наволаи ин сифла мизбон, З-ин бенамак або манеҳ ангушт дар даҳон. Лаб тар макун ба об, ки талқ аст дар қадаҳ, Даст аз кабоб дор, ки заҳр аст тавъамон
Зайғамӣ, насл пазируфта зи дев
Зайғамӣ, насл пазируфта зи дев, Оҳуӣ, ном ниҳода якрон. Офтобӣ, ки зи чобукқадамӣ Бар сари зарра намояд ҷавлон.
Модари майро бикард бояд қурбон
Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.
Бийё, дилу ҷонро ба Худованд супорем
Бийё, дилу ҷонро ба Худованд супорем, Андӯҳи дирамму ғами динор надорем. Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурӯшем В-ин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем!
Ман на онам, ки пеш аз ин будам
Ман на онам, ки пеш аз ин будам, Тозагӣ доштам, бипажмурдам. Дилам аз ҳар сухан биёзорад, Рост гӯйӣ, ки кӯдаке хурдам.
Бад нохурем бода, ки мастонем
Бад нохурем бода, ки мастонем В-аз дасти некувон май бистонем. Девонагони беҳушамон хонанд, Девонагон наем, ки мастонем!
Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам
Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам, Расад марҳабо аз замину замонам! Ба савту навову ба сити маъонӣ Тараббахши рӯҳам, фараҳзойи ҷонам.
Чун гусӣ кардамат ба дастаки хеш
Чун гусӣ кардамат ба дастаки хеш, Гунаҳи хеш бар ту афкандам. Хона аз рӯйи ту тиҳӣ кардам, Дида аз хуни дил биёгандам.
Дареғам ояд хондан газофвор ду ном
Дареғам ояд хондан газофвор ду ном, Бузургвор ду ном аз газоф хондани ом: Яке ки хубонро яксара накӯ хонанд, Дигар, ки ошиқ гӯянд ошиқонро ном.
Ҳало, Рӯдакӣ, аз кас андарматоб
Ҳало, Рӯдакӣ, аз кас андарматоб, Бикун, ҳар чи карданист бо мудом. Ки фарғул барнадорад он рӯз, Ки бар тахта туро сиёҳ шуд фом!
Ҳама ҷамоли ту бинам, чу дида боз кунам
Ҳама ҷамоли ту бинам, чу дида боз кунам, Ҳама танам дил гардад, ки бо ту роз кунам. Ҳаром дорам бо дигарон сухан гуфтан, Куҷо ҳадиси ту ояд, сухан дароз кунам.
Ба шеъри шукр нигаҳ кун, ки Рӯдакӣ гуфта-ст
Ба шеъри шукр нигаҳ кун, ки Рӯдакӣ гуфта-ст: — «Ҳама касеро дарвешӣ асту ранҷи иёл. Ғаму аност маро, – гуфт, – з-ин зиёъу иқор, Фиғон ҳамекунам аз ранҷи ганҷу з
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур Ба хидмат омад некӯсиголу некандеш. Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол, Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?!
Замона аспу ту роиз, ба ройи хешат тоз
Замона аспу ту роиз, ба ройи хешат тоз, Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз… Агарчи чангнавозон латифдаст буванд, Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз!…
Гар шавад баҳри кафи ҳаммати ту мавҷзанон
Гар шавад баҳри кафи ҳаммати ту мавҷзанон В-ар шавад абри сари рояти ту тӯфонбор, Бар маволит бипошад ҳама дурру гавҳар, Бар аъодит биборад ҳама шахкосаву хор.
Дӯсто, он хурӯши барбат бу
……………………………………………. Вақти шабгир бонги нолаи зер. Дӯсто, он хурӯши барбат бу Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!
Чокаронат ба гаҳи разм чу хайётонанд
Чокаронат ба гаҳи разм чу хайётонанд, Гарчи хайёт наянд, ай малики кишваргир! Ба гази найза қади хасми ту мепаймоянд, То бибурранд ба шамшеру бидӯзанд ба тир.
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат Се пероҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар. Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат, Севум Яъқубро аз бӯ-ш
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифт
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифт, Ҳар ойина чу ҳама май хурад, гул орад бор. Ба зулф кажж, валекин ба қадду қомат рост, Ба тан дуруст, валекин ба чашмак
Дарвозу даривоз фурӯ гашту баромад
Дарвозу даривоз фурӯ гашту баромад, Бим аст, ки якбор фурӯ ояд девор. Девори куҳангашта напардозад позер, Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷаш бигзор!

