Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2674

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1785

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1506

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1422

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1215

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1071

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1067

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 867

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 849

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 822

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 785

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 768

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 760

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 721

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 720

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 691

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 677

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 661

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 659

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 648

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 647

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 637

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 633

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 610

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 581

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Беқимат аст шаккар аз он ду лабони ӯй

👁 23

Беқимат аст шаккар аз он ду лабони ӯй, Косид шуд аз ду зулфаш бозори шоҳбӯй… Ин иғдасарӣ ба чӣ кор ояд, ай фато? Дар боби дониш ин сухани беҳуда магӯй!…

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Касеро чу ман дӯстгон ме чӣ бояд

👁 24

Касеро чу ман дӯстгон ме чӣ бояд, Ки дил шод дорад ба ҳар дӯстгонӣ? На ҷуз айб чизест, к-он ту надорӣ, На ҷуз ғайб чизест, к-он ту надонӣ.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ

👁 24

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ, Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ. Сифла табъи мор дорад, бехилоф, Ҷаҳд кун, то рӯйи сифла нангарӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

То хай абар гули рухи ту карда шабнамӣ

👁 31

То хай абар гули рухи ту карда шабнамӣ, Шабнам шуда-ст сӯхта чун ашки мотамӣ. …………………………………………………………………. К-андар ҷаҳон ба кас магарав, ҷуз ба фотимӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ

👁 31

Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ, То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ. Ба сухан ме ба забон бошу ба шамшер бирез Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай он ки ғаминию сазоворӣ

👁 38

Ай он ки ғаминию сазоворӣ В-андар миён сиришк ҳамеборӣ, Аз баҳри он куҷо набарам номаш, Тарсам зи сахт андуҳу душворӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме

👁 192

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме. Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ

👁 37

Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ Ва ё чун баркашида теғ пеши Офтоб астӣ. Ба покӣ, гӯйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ, Ба хушшӣ, гӯйӣ, андар дидаи б

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб

👁 29

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб, Чӣ об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ?! Барои парвариши ҷисм ҷон чӣ ранҷа кунам, Ки ҳайф бошад рӯҳулқудус ба сагбонӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сапедбарф баромад ба кӯҳсори сиёҳ

👁 30

Сапедбарф баромад ба кӯҳсори сиёҳ Ва чун дарун шуд он сарви бӯстонорой. Ва он куҷо бигуворид, ногувор шуда-ст Ва он куҷо нагазойист, гашт зудгазой.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чамани ақлро хазонӣ агар

👁 24

Чамани ақлро хазонӣ агар, Гулшани ишқро баҳор туӣ! Ишқро гар паямбарӣ, лекин Ҳуснро офаридгор туӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо

👁 28

Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо, Чунон ки хотири Маҷнун зи турраи Лайло. Чу гулшакар диҳиям, дарди дил шавад таскин, Чу туршрӯй шавӣ, вораҳонӣ аз сафро.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ой, дареғо, ки хирадмандро

👁 37

Ой, дареғо, ки хирадмандро Бошад фарзанду хирадманд не! В-арчи адаб дораду дониш падар, Ҳосили мерос ба фарзанд не!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Он чист, бар он табақ ҳаметобад

👁 22

Он чист, бар он табақ ҳаметобад Чун мулҳам зери шаъри уннобӣ?! Соқаш ба масал чу соъиди ҳуро, Пояш ба масал чу пойи мурғобӣ?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гули баҳорӣ, бути таторӣ

👁 21

Гули баҳорӣ, бути таторӣ, Набид дорӣ, чаро наёрӣ?! Набиди равшан чу абри баҳман Ба назди гулшан чаро наборӣ?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ

👁 12

Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ, Ки гоҳ пардаи лолост, гоҳ миъҷари моҳ. Ба вақти хуфтанаш аз мушки суда бошад ҷой, Ба гоҳи рафтанаш аз сими сода бошад р

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зиҳ, доноро гӯянд, ки донад гуфт

👁 20

Зиҳ, доноро гӯянд, ки донад гуфт, Ҳеч нодонро донанда нагӯяд: – Зиҳ! Сухани ширин аз зуфт наёрад бар, Буз ба биҷ-биҷ ҳаргиз нашавад фарбеҳ.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рафиқо, чанд гӯйӣ: – Ку нишотат?!

👁 18

Рафиқо, чанд гӯйӣ: – Ку нишотат?! Бинагрезад кас аз гарм офрӯша. Маро имрӯз тавба суд дорад Чунон чун дардмандонро шанӯша.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола

👁 17

Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола Чунон чун модар аз сӯги арӯси сездаҳсола. Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола Чунон чун ашки маҳҷурон нишаста

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ

👁 35

Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ, То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ. Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд, Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Самоъу бодаи гулгуну луъбатони чу моҳ

👁 16

Самоъу бодаи гулгуну луъбатони чу моҳ Агар фаришта бибинад, даруфтад дар чоҳ. Назар чӣ гуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷойи

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?!

👁 18

Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?! Чӣ чиз аст он палолактеғи буррон?! Яке андар даҳони Ҳақ забон аст, Яке андар даҳони марг дандон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, ай писар

👁 24

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, ай писар, Мо чу саъва, марг бар сони заған. Ҳар гуле пажмурда гардад з-ӯ на дер, Марг бифшорад ҳама дар зери ған.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Халлухиён хоҳию ҷаммошчашм

👁 18

Халлухиён хоҳию ҷаммошчашм, Гирдсурин хоҳию борикмиён. Кашкин нонат накунад орзуй, Нони шамад хоҳӣ гирду калон!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай Маҷ, кунун ту шеъри ман аз бар куну бихон

👁 25

Ай Маҷ, кунун ту шеъри ман аз бар куну бихон, Аз ману дилу сиголиш, аз ту тану равон. Гӯрӣ кунему бода хурему бувем шод, Бӯса диҳем бар ду лабони паривашон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Саҳифаи 309 аз 1002