Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2674

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1785

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1506

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1422

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1214

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1070

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1067

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 867

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 849

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 822

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 785

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 768

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 760

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 721

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 720

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 691

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 677

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 660

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 659

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 648

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 647

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 637

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 633

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 610

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 581

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон

👁 85

Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон, Аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон. Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар пеши худ он нома чу булкома ниҳам

👁 30

Дар пеши худ он нома чу булкома ниҳам, Парвин зи сиришки дида бар ҷома ниҳам. Бар посухи ту чу даст бар хома ниҳам, Хоҳам, ки дил андар шикани нома ниҳам.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар манзили ғам фиканда мафраш моем

👁 42

Дар манзили ғам фиканда мафраш моем В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем, Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем, Дасти хуши рӯзгори нох(в)аш моем!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам

👁 28

Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам, Воҷиб бошад, ҳаройина, шукри ниъам. Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб, Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир кунам?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам

👁 58

Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам, Чун дасти занони мисриён кард дилам. З-оғоз ба бӯса меҳрбон кард дилам, Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг

👁 40

Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг Гаштем саропойи ҷаҳон бо дили танг. Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор, Ин баски ба сар задему он баски ба санг.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз

👁 35

Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз В-аз ҷон тиҳӣ ин қолаби фарсуда ба оз. Бар болинам нишину мегӯй ба ноз, К-ай ману ту бикуштаву пушаймон шуда боз!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар

👁 82

Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар. Тарсанда зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар. Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар. Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд?

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар

👁 32

Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар, Бедистонест ин риёзи бадудар. Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост, Чун хок нишаста гиру чун бод гузар!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад

👁 88

Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад, Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад. В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён, Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад

👁 40

Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад В-ар бикшойӣ, чангали боз андозад. В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд, Доман-доман мушки Тароз андозад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чун рӯз алам зад, ба ҳусомат монад

👁 36

Чун рӯз алам зад, ба ҳусомат монад, Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷомат монад. Тақдир ба азми тезгомат монад, Рӯзӣ ба ато додани омат монад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад

👁 27

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад, Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад. В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм Як қатраи об бар лабам кас накунад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дил хаставу бастаи мусалсалмӯест

👁 37

Дил хаставу бастаи мусалсалмӯест, Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест. Суде надиҳад насиҳатат, ай воиз, Ин хонахароб турфа якпаҳлӯест.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост

👁 31

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост, Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост. Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт, Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт

👁 19

Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт, Бар ҳусни ҷавоният дили нарм надошт. Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе Ҷон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чашмам зи ғамат баҳри ақиқе, ки бисуфт

👁 25

Чашмам зи ғамат баҳри ақиқе, ки бисуфт, Бар чеҳр ҳазор гул зи розам бишукуфт. Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт ниҳуфт, Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст

👁 37

Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст, Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст. Андеша кунам ҳар шабу гӯям: — Ё Раб, Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст

👁 25

Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст, Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст. Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд, Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Он ки намонад ба ҳеч халқ, Худой аст

👁 16

Он ки намонад ба ҳеч халқ, Худой аст, Ту на Худоӣ, ба ҳеч халқ намонӣ! Рӯз шуданро нишон диҳанд ба Хуршед, Боз мар ӯро ба ту диҳанд нишонӣ.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дил танг мадор, ай малик, аз кори худоӣ

👁 22

Дил танг мадор, ай малик, аз кори худоӣ, Орому тарабро мадеҳ аз табъ ҷудоӣ. Сад бор фитода-ст чунин ҳар маликеро, Охир бирасиданд ба ҳар комравоӣ.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай бар ҳама мирони ҷаҳон ёфта шоҳӣ

👁 18

Ай бар ҳама мирони ҷаҳон ёфта шоҳӣ, Май хур, ки бадандеш чунон шуд, ки ту хоҳӣ. Май хоҳ, ки бадхоҳ ба коми дили ту гашт В-аз бахт бадандеши ту овард табоҳӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷаъд ҳамчун наварди об ба бод

👁 19

Ҷаъд ҳамчун наварди об ба бод Гӯйиё ончунон шикастастӣ. Мёнакаш нозукак чу шонаи мӯ, Гӯйӣ аз якдигар гусастастӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай дил, сазояш барӣ

👁 17

Ай дил, сазояш барӣ Боз бар чангали уқобӣ! Бе ту маро зинда набинад, Ман зараам, ту офтобӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай ғофил аз шумор, чӣ пиндорӣ

👁 22

Ай ғофил аз шумор, чӣ пиндорӣ, К-ат холиқ офарид ба ҳар коре?! Умре, ки мар турост сармоя, Вид асту корҳот бад-ин зорӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Саҳифаи 308 аз 1002