Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ай маҳи хиргаҳнишин, аз рух барафган пардаро
Ай маҳи хиргаҳнишин, аз рух барафган пардаро, Шод кун охир, гаҳе дилҳои ғампарвардаро. Гар ба гӯристони муштоқон савора бигзарӣ, Ҷон диҳад дар тан садои сумми а
Муаллим, гӯ мадеҳ таълими бедод он парирӯро
Муаллим, гӯ мадеҳ таълими бедод он парирӯро, Ки ҷуз хӯйи накӯ лоиқ набошад рӯйи некӯро. Маро чашми накӯйӣ буд аз он бадхӯ, чӣ донистам, Ки хоҳад гӯш кардан дар
Мутриб, имшаб соз кун бо нолаи ман чангро
Мутриб, имшаб соз кун бо нолаи ман чангро, Оташи дигар фурӯз ин сӯзнок оҳангро. Баски нолидам зи дарди дурии он сангдил, Дил ба дард омад зи оҳу нолаи ман сангр
Ҳар дам афрӯзӣ чу гул рухсори оташнокро
Ҳар дам афрӯзӣ чу гул рухсори оташнокро, Шуъла дар хирман занӣ муште хасу хошокро. Ақлро равшан шавад моҳияти ҳуснат, агар Пардаи ҳайрат набандад дидаи идрокро.
Кист, к-аз ушшоқ пайғоме расонад ёрро
Кист, к-аз ушшоқ пайғоме расонад ёрро, В-аз фаромӯшон диҳад ёд он фаромушкорро. Шуд дилам озурдаи захми ғами ҳиҷрон, куҷост Марҳами васле, ки аз дил чинад ин оз
Ё Раб, инсофе бидеҳ он шайхи даъводорро
Ё Раб, инсофе бидеҳ он шайхи даъводорро, То ба хорӣ нангарад риндони дурдихорро. Шаръро озори аҳли дил тасаввур кардааст, З-он гирифта пешаи худ шеваи озорро.
Пири мо бигзошт охир шеваи зуҳҳодро
Пири мо бигзошт охир шеваи зуҳҳодро, Сохт фарши майкада саҷҷодаи иршодро. Хурдаам пеш аз намози субҳ май, баҳри Худо, Ай имом, имрӯз бо мутриб гузор авродро.
Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро
Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро, Ки во раҳонд ба пиронасар зи мо моро. Карашмаҳои ғизолони маст мебахшад Фароғат аз ду ҷаҳон ошиқони шайдоро.
Симинзақано, сангдило, лолаузоро
Симинзақано, сангдило, лолаузоро, Хуш кун ба нигоҳе дили ғампарвари моро. Ин қолиби фарсуда гар аз кӯйи ту дур аст, Алқалбу ало бобика лайлан ва наҳоро.
Ба Каъба гар нанамоӣ ҷамоли худ моро
Ба Каъба гар нанамоӣ ҷамоли худ моро, Зи хуни дида кунам лаъл реги Батҳоро. Ба даври ҳусни ту аз муҳраи вафо пардохт Мушаъбиди қадар ин ҳуққаҳои миноро.
Ай бурда рухат равнақи гулҳову суманҳо
Ай бурда рухат равнақи гулҳову суманҳо, Дорад даҳани танги ту дар ғунча суханҳо. Гар сарв на бо қадди ту монад, натавон бурд Чун об ба занҷир маро сӯйи чаманҳо.
То бар варақи гул задӣ аз мушк рақамҳо
То бар варақи гул задӣ аз мушк рақамҳо, Дар васфи ту бишкаст сари ҷумла қаламҳо. Ҳаргиз дили ман бе ту ҷудо аз аламе нест, Ай қоидаи лутфи ту таскини аламҳо!
Ҳар шаб афрӯхта аз оташи дил машъалаҳо
Ҳар шаб афрӯхта аз оташи дил машъалаҳо, Равад аз кӯйи ғамат сӯйи адам қофилаҳо. Дилам аз партави хуршеди рухат қандилест, Аз сари зулфи ту овехта бо силсилаҳо.
Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме
Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме, Ноёфта аз ҳусни ҷамолат коме, Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме, К-аз хумми фироқ нӯш бодат ҷоме!
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ, Момот дафу дурӯя чолок задӣ. Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ, В-ин бар дари хонаҳо табурок задӣ!
Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ!
Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ! Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ! Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур, Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!
Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ
Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ, Чашм об нагардадат, чу дар ман нигарӣ. Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам, Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ!
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа, Бо неку бади доира дарбохт каҷа. Ҳангомаи шаб гузашту шуд марра тамом, Толеъ ба кафам яке наяндохт каҷа!
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ, Бар ҳар раги ҷон сад орзу монд гираҳ. Уммед зи гиря буд, афсӯс, афсӯс, К-он ҳам шаби васл дар гулӯ монд гираҳ!
Зулфат дидам, сар аз чамон печида
Зулфат дидам, сар аз чамон печида В-андар гули сурхи арғавон печида, Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш, Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида!
Ай нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту
Ай нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту В-ай гиряи тифли бегуноҳ аз ғами ту. Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту, Оҳ аз ғами ту, ҳазор оҳ аз ғами ту!
Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ
Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ, Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ. Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ, Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон, Зулфат анбар, садаф даҳан, дур дандон. Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ, Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.
Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, ай мояи ҷон
Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, ай мояи ҷон, Пурдур карданд чун даҳони ту ҷаҳон. Аз нохуни даст хаста кардам дилу ҷон, Фарёдраси ғамат на ин буду на он.
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон, Бӯса ба равон фурӯшаду ҳаст арзон. Оре, ки чу он моҳ бувад бозаргон, Дидор ба дил фурӯшаду бӯса ба ҷон.


