Мутриб, имшаб соз кун бо нолаи ман чангро
Мутриб, имшаб соз кун бо нолаи ман чангро,
Оташи дигар фурӯз ин сӯзнок оҳангро.
Баски нолидам зи дарди дурии он сангдил,
Дил ба дард омад зи оҳу нолаи ман сангро.
Дурам аз ёру наёрам сӯйи ӯ рафтан, ки ашк
Сохт дарё гирди ман фарсанг дар фарсангро.
Розам охир фош хоҳад шуд, чӣ сон пӯшам зи халқ
Чеҳраи зарду сиришки арғувонирангро?
Ҳаст осеби танат озори ҷони бедилон,
Андаке оҳистатар банд он қабои тангро.
Баҳри тират ҷанг дорад ҷон ба дил, лутфе намо,
Тири дигар сӯйи ҷон андозу биншон ҷангро.
Ҷомиё, туғрои давлат хоҳӣ аз султони ишқ,
Хатти расвоӣ бикаш маншури ному нангро.