Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дӯсто, он хурӯши барбат бу

……………………………………………. Вақти шабгир бонги нолаи зер. Дӯсто, он хурӯши барбат бу Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир! Зории зеру ин мадор шигифт, Гар зи дашт-андар оварад нахчир. Тани ӯ тир на, замон ба замон Ба дил-андар ҳамегузорад тир. Гоҳ гирёну гаҳ бинолад зор Бомдодону рӯз то шабгир. Он забоновару забонаш на, Хабари ошиқон кунад тафсир. Гоҳ девонаро кунад ҳушёр, Гаҳ ба ҳушёр-бар ниҳад занҷир.