Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав

Ай зи рӯят тофта дар ҳар замоне нури нав, В-ай зи нурат нақш баста ҳар замоне ҳури нав! Каж нишину рост биншав, ақл монад ё хирад, Соқие чун туву ҳар дам бодаи мансури нав! Кӣ тавонад шишаеро з-оташе бардоштан?! Ё майи куҳна кӣ донад сохтан з-ангури нав?! Майчашону майкашон равшандилонро ҷавқ-ҷавқ, Тоза мекун ин ҷаҳони куҳнаро аз шӯри нав! Ишқи ишратпешайӣ, ки давлатат поянда бод, Рӯз-рӯзат иди тоза, ҳар шабонгаҳ сури нав!