Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Маст расид он бути бебоки ман

Маст расид он бути бебоки ман, Дурдкашу дилхушу чолоки ман! Гуфт: «Ба ман бингару дилшод шав, Ҳеч ба худ мангар, ғамноки ман! З-обу гил ин дидаи ту пургил аст, Пок кунаш дар назари поки ман!». Даст бизад, хирқаи ман чок кард, Гуфт: «Мазан бахя бар-ин чоки ман!». Рӯй чу бар хок ниҳодам, бигуфт: «Пок макун рӯйи худ аз хоки ман! Ай манат оварда, манат мебарам, З-он ки манам шеру ту шишоки ман! Нафт задам дар туву месӯз хуш, Лек сияҳ менакунад зоки ман!».