Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Омад, омад дар миён хуби Хутан

Омад, омад дар миён хуби Хутан, Ҳар ду дастатро бишӯ аз ҷону тан! Дод шамшере ба дасти ишқу гуфт: «Ҳар-чи бинӣ ғайри ман, гардан бизан!» Андар об андоз, илло Нӯҳро, Ҳар ки бошад, хубу зишту марду зан! Ҳар ки ӯ андар дили Нӯҳ аст, раст, Ҳар ки дар пеш аст, дар дарё фикан!