Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман

Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман, Банд гардад пеши ӯ гуфтори ман! Узр мегӯяд, ки яъне хомушам, Бо ту мегӯяд дили ҳушёри ман! Бо касе дигар забон гардад ҳама, Сирри худ мегӯяду асрори ман! Гар бигӯяд в-ар нагӯяд рози ман, Дил надорад сабр аз дилдори ман!