Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ТОБИСТОНИ ВАРЗОБ
Дар буни ҳар бутта ҷуфти ошиқе, Дар сари ҳар санг сар дар зонуе. Дилбаре саргарми лофу ваъдаҳо, Ошиқе сармасти атри гесуе.
ХОКИ ПАДАРОН
Хоки падарон аст замине, ки дар ӯ Мо тухми умеду орзу коштаем. Хуни падарон аст, ки ҳамранги шафақ Мо парчами фирӯзӣ барафроштаем.
ЗАМИНИ ТОҶИКОН
Куҳсор бувад кишвари тоҷик саросар, Кӯҳ аз паси кӯҳ аст ва ё санг паи санг. Дар ҳар қабаташ ганҷи аён асту ниҳон аст, Ганҷест ба сад ному ба сад ҷилваю сад ранг
ДУХТАРИ ТОҶИК
Кокулони маҳини тарбофаш Ба сари китфҳош мерезад. Файзи ҳусну малоҳати азалӣ Гӯӣ аз сар ба пош мерезад.
ДАР БАЧЧАГӢ
Дар замони бехудию бесарӣ Чун камонвар аз фалахмон Сангҳо афкандаам бар шишаҳои хонаҳо, Эй басо бо шавқу шодон.
БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ...
Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам, Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам. Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро, Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.
ОЛИ СОМОН
Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон, Бӯстоне дар миёни шӯразорон, Гулхане дар лобалои кӯрдуд, Паҳлавоне дар миёни нотавонон –
КӮҲҲО
Лашкари сафкашидаи сангин, Урдуи бар набард омода, Даст бар даст ҳамчу занҷире, Сарбаланду шуҷоъу озода;
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ...
Барои академик Бобоҷон Ғафуров Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
ҲАМОСАИ БАРОДАРӢ
Мо – шуълаи як оташ, шогирди як дабистон, Гулҳои ранг-ранги як гулшани шукуфон, Сарчашмаҳои як рӯд аз авҷи кӯҳсорон, Ангуштҳои як даст, як дасти пуртавонем,
СИТОРАҲОИ СӮХТА
Бисёр ситораҳои мо сӯхт Аз пастии мо дар осмонҳо. Бисёр азизи мо фурӯ мурд Норафта бурун зи остонҳо.
БАХТИ САФЕД
Ҳар баҳорон бар замин бобои деҳқон Чун бипошад ба ҳавас пундонаро, Гӯӣ тухми орзуи халқро пошад ба хок... Ҳар баҳорон майсаҳо
ГАНҶИ САРМАД
Беҳисоб аст ганҷи кӯҳсорон Хоки тоҷик мисли ганҷур аст. Халқи тоҷик пеши халқи ҷаҳон Бо ҳама ганҷҳош манзур аст.
АЙНӢ
Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон, Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон, Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,
СИТОРАИ САҲАРӢ
Дилгазон аз муҳити заҳролуд – Чордевори хонаи лоӣ, Даргурез аз қаламкаши тақдир, Аз фишори русуми бобоӣ;
БАЛАНДИҲО
Аҷаб дорам, ки ҳар вақте Зи боби Тоҷикистон чун сухан гӯянд, Бигӯянд аз баландиҳои куҳсораш, Сухан гӯянд аз Боми Ҷаҳон,
ГАНҶИ КӮҲСОРОН
Ҳама ин ганҷҳо буданд, То имрӯз ҳам буданд Ниҳон дар қаъри куҳсорон, Ниҳон дар ҷавфи ҳар як санги куҳистон.
ЗАБОНИ ПАЙҒАМБАРОН
Метаровад ширмаҳтоб Дар шиканҳои маҳини мавҷи об. Метаровад нури қандил Дар рухи гулгуну дар ҷоми шароб.
ҚАТЛИ ДАРЁ
Ба хотираи Саҳбо Шоири донодилеро, Шоири дарёдилеро Ғарқ карданд...
ДЕҲИ КӮЧИДА
Бодхурда сари ҳар деворе, Бомҳо рехтаву чӯкида. Тарҳи деҳ гарчи ба ҷо монда, вале Зиндагӣ ҷои дигар кӯчида.
ИЛТИҶО АЗ ДИЛСОЗОН
Илтиҷо мекунам, эй дилсозон, Шавад афсурда дили шоир агар, Дили афсурдаю пурдарди варо Ба дили сунъӣ масозед бадал.
ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ
Мард он, ки ба корзори ҳастӣ Беханҷару бесипар барояд. Беханҷару бесипар, валекин Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.
КӮҲИСТОНӢ
Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон, Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон, Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон,
МАРСИЯИ ХУРШЕД
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . На он тақлид ин тақлид, На он хуршед ин хуршед.
ҚАДРИ ШОИР
Рӯзе, ки ошиқон аз ҳам ҷудо шаванд, Рӯзе, ки зӯрҳо бемуттако шаванд, Рӯзе, ки одамон беошно шаванд, Бар қадри шоирон он вақт мерасанд.

