АЙНӢ
Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун
дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ, устод,
Ту моро ёфтӣ, устод!
Зи аъмоқи фаромушхонаҳои тираи таърих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири бадхоҳон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар маҷмӯаву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Ба мо моро шиносондӣ.
Зи исёнҳову шӯришҳо, зи кулли буду нобудаш,
Зи фарёди таболудаш, зи Фирдавсию Маҳмудаш,
Зи хунҳое ки баҳри хунбаҳои ҳамгинонаш рехт,
Зи андӯҳи тараболуду шодии ғамолудаш
Ту ҷустӣ сарнавишти халқ,
Оғози сиришти халқ.
Чу айвони валангоре, ки на бому на девораш,
Чу девори ҳисоре, ки на синҷеву на болораш,
Ту таърихи хароби халқро тармимҳо кардӣ,
Шиносондӣ ба бунёдаш, ба фарҳангаш,
ба осораш,
Ки мо ҳам одамем охир,
Ва аз ин оламем охир!
Чу гумҷӯе, ки меҷӯяд паи гумгаштагонашро,
Чу танҳое, ки меҷӯяд зи дунё дӯстонашро,
Нишони мардумон ҷустӣ ту
аз шаш соҳати таърих,
Барои ҳоҷати имрӯз ганҷи бостонашро,
Ки бе дирӯз ҳоло нест,
Ки бе имрӯз фардо нест...
Зи юмни Инқилобе, к-устодат буд (худ гуфтӣ)
Бурун овардӣ як-як мурдаҳоро ту зи гӯристон,
Ва андар тоҷгоҳи ҳар кадоме тоҷ бинҳодӣ,
Ҳидоят кардӣ ононро барои хидмати даврон,
Ба онҳо ҷон ато кардӣ.