Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар зарҳали уфуқ хуршед ғарқ шуд,
Дар зарҳали уфуқ хуршед ғарқ шуд, Дар теғаҳои кӯҳ нури амонат аст. Эй офтоби ман, маштоб бар ғуруб, Ман ошиқи туам, ошиқ ғанимат аст!
Тирамоҳ асту барг мерезад
Тирамоҳ асту барг мерезад Дар лабонаш таронаи падруд. Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст, Меравад хастаҷон ба хонаи буд1
Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ,
Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ, Мурғакони бемакон дар хештан печидаанд. Шохсорон сархаму хомӯш зери бори барф, Гӯиё аз рӯзгори хештан ранҷидаанд.
БОРОНИ ТИРАМОҲ
Рехт борон... торҳои сим-сим Хуш навои осмонӣ доштанд. Зеру бамҳошон ба рӯи бомҳо Муждаҳои меҳргонӣ доштанд.
ДАР ВАРЗОБ
Ҳар ду нишастаем Дар рӯи тахтасанг, Ҷорист рӯди маст Пуршӯру бедиранг.
Ногаҳон – он сон ки борад шохборон
Ногаҳон – он сон ки борад шохборон Зиндагиям пур шуд аз овози ту. Ногаҳон – он сон, ки гул резад дар айёми гулафшон
«Дар оғӯши ту мемирам»
«Дар оғӯши ту мемирам» Нодирпур Ту, эй гаҳвораю тобути ишқи ман! Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Чу табболе шабе борони хашмӣ
Чу табболе шабе борони хашмӣ Ба боми хонаҳо чӯбакзанӣ дошт. Дили ман андаруни синаи танг Зи тобу таб бинои ҷонканӣ дошт.
ҶАВОНИИ ПАДАРОН
Бо қаҳқаҳи мастонаю бо шеъру тарона, Бо рӯҳияи ғолибу ошӯбгарона, Бо тантанаи ақл карон то ба карона, Чун рӯд ба сад ғулғула бигзашт ҷавонӣ,
Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
Баччагиям бекасу танҳо гузашт, Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт, Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт. Дар сари санге ҳама рӯз интизор
Оқибат мерасам ба он манзил,
Оқибат мерасам ба он манзил, Ки раҳаш печутобҳо дорад. Бо ҳама ростиву ҳамворӣ Бас фиреби саробҳо дорад.
Ман аз як санг бинам кӯҳсорон,
Ман аз як санг бинам кӯҳсорон, Ман аз як гул бубинам бӯстонҳо. Зи байти нобадеъ, аммо бамаънӣ Бубинам ибтидои достонҳо.
ҲАМСОЛОНИ ПАРОВАРИ МАН
Кӯлвору ҷомадон, Хаймаҳо дар даштҳо, дар кӯҳҳо, Раҳ ба раҳ васлу ҷудоӣ, Раҳ ба раҳ мушкилкушоӣ.
БА ЁДБУДИ ГАГАРИН
Паридӣ то ба гардунҳо Даридӣ пардаҳои рози кайҳонро. Чунон бебок байни нуриён гаштӣ, Ки худ як ахтаре андар миёни ахтарон гаштӣ.
ГУЗАШТА
Хира-хира ёдам ояд ҳар замон З-он ҳама нақде, ки настонидаам. З-он ҳама азме, ки аз ноқобилӣ Андаруни хеш биншонидаам.
РАНГҲО
Бигзарӣ чун аз Самарқанд, Аз Самарқанде, ки буда сайқали рӯи замин, Бингарӣ бар ҳар манору сардара, Бингарӣ бар гунбазу бар кунгура,
ЭҲТИЁҶ
Дар ниҳоди ҳар сағиру ҳар кабир, Дар бисоти ҳар касе равшанзамир, Дар дили ҳар аҳли дил, ҳар аҳли дард, Дар талоши ҷони ҳар барнову пир –
Ту ҳам он нестӣ, ман ҳам на онам,
Ту ҳам он нестӣ, ман ҳам на онам, Дили мо гарчи ҳоло ҳам ҷавон аст, Вале эҳсоси мо он рӯди кӯҳист, Ки байни соҳили маснӯъ равон аст.
КИТОБҲОИ ШАҲИД
Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд, Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд. Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд,
Қарздорем аз осмону замин,
Қарздорем аз осмону замин, Аз ҳама ҳар чӣ ҳаст дар дунё. Аз Ватан қарздори ҷонбозӣ, Аз замон қарздори хидматҳо.
ШУКРОНАЕ БАРОИ ДУШАНБЕ
Шукри ин шаҳр мекунам умре, Ки дар оғӯши худ паноҳам дод. Сарпаноҳи умедҳоям шуд, Ҳар чӣ мехостам, фароҳам дод.
То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст,
То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст, То сар накунад дард, надонӣ, ки сарат ҳаст. То ёр туро тарк нагӯяд, натавон гуфт Аз ӯ ба дилу ҷон чӣ нишону асарат ҳ
ПУНБА
Раҳбарон дар анҷуманҳои бузург Мешаванд аз баҳри ту сурху сафед. То ту аз хоки сияҳ сар мекашӣ, Медиҳӣ аз заҳмати деҳқон навид.
ҶАВОНМАРДӢ
Рӯди кӯҳистони мо аз тангно Бо талотумҳо ба дарё мерасад. Шуҳрату овозаи имрӯзи мо Аз замин то арши аъло мерасад.
Шоире қолабист эҳсосаш,
Шоире қолабист эҳсосаш, Донад ӯ ҳадди мумкину мамнӯъ. Шоире мисли оби корез аст – Боадаб байни соҳили маснӯъ.

