ЭҲТИЁҶ
Дар ниҳоди ҳар сағиру ҳар кабир,
Дар бисоти ҳар касе равшанзамир,
Дар дили ҳар аҳли дил, ҳар аҳли дард,
Дар талоши ҷони ҳар барнову пир –
Шоире ногоҳ мемирад, дареғ,
Раҳраве дар роҳ мемирад, дареғ.
Дар хурӯҷи шавқҳои ҳар ҷавон,
Дар сукути роздори ошиқон,
Дар ҳаёи духтарони наврасид,
Дар хаёли норасои кӯдакон –
Шоире ногоҳ пайдо мешавад,
Шеър ногуфта, зи дунё меравад.
Ҳар гаҳе, ки шӯру туғёнҳои дил
Мешавад саркӯб аз савдои дил,
Ҳар гаҳе, к-аз сактаҳои зиндагӣ
Сактаи дил монад андар ҷои дил –
Шоире дар сина мемирад, дареғ,
Бо ғами дерина мемирад, дареғ.
Ҳар гаҳе, ки марди беандешае
Мезанад бар решаи худ тешае,
Дар ҷаҳони танги эҳсосоти худ
Мезанад раҳгум чунон дар бешае –
Шоире мирад зи бедардии ӯ,
Рӯсияҳ аз ноҷавонмардии ӯ.
Ҳар куҷое адл беёвар шавад,
Тифли оташ мушти хокистар шавад,
Ҳар куҷое нахли навбар решакан,
Хангбеде нахли боровар шавад –
Шоире мемирад аз бедодҳо,
Бо ҳазорон шевану фарёдҳо.
Инчунин ҳар рӯз дар рӯи ҷаҳон
Аз шикасту нобарориҳои он
Шоире дар ҳар касе, дар ҳар диле,
Шоире дар ҳар раҳе, ҳар манзиле
Ногаҳон мемирад аз худ бехабар,
Шоире беёдгору беасар.
Шоире мемирад, аммо
Шоире як рӯз меояд ба дунё –