Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ЁДЕ АЗ БАЧЧАГӢ
Бачча будам. Баҳор мавсими тӯл Гарчи майлам набуд чӯпонӣ, Бо чи шавқу талош мерафтам Фориғи дарс гӯсфандбонӣ,
ДИДОРИ ОФТОБ
Суғдиён бар пешвози Офтоб Ҳар саҳар даф мезаданд. Ҳар саҳар дар саҳнаи Наврӯзгоҳ Рақс мекарданд,
Рез, борон, рез, борон!
Рез, борон, рез, борон! Он чунон ки резад ашки сӯгворон. Ёлаҳои кӯҳсоронро бишӯ, Милаҳои шохсоронро бишӯ,
Он лаҳза, ки дар хонаю дар шаҳр нагунҷӣ,
Он лаҳза, ки дар хонаю дар шаҳр нагунҷӣ, Дар хонаю дар шаҳр чӣ, дар даҳр нагунҷӣ, Дарёб, ки ишқ аст! Он лаҳза, ки хуршед ба болои сари туст,
То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст,
То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст, Сулҳу ҷангам бо тамоми Ҳурмузу Аҳриман аст. Баҳри шуҳрат нест ҳаргиз шеърпардозии ман, Шеърпардозиям ошӯбе ба ра
Сӣ баҳори умри ман андаргузашт,
Сӣ баҳори умри ман андаргузашт, Гӯӣ сӣ рӯди равон хушкидааст. Лек андар соҳили он рӯдҳо Боғҳои орзу сабзидааст.
ВАРЗОБ. ШАБИ МАҲТОБ
Рӯд чун хотири болидаи Варзобдара, Моҳ чун қоши тилоист ба пешонаи кӯҳ. Ваҳ чӣ оҳанги илоҳист, ки ояд аз рӯд, Бесухан арза кунад қиссаю афсонаи кӯҳ.
АҲМАДИ ДОНИШ
Як ҷаҳон буд хору вомонда Ҳарфе аз худшиносӣ нохонда. Монда дар инҳисори худ умре, Пеши пои адӯ сар афшонда.
Борон... борон... борон...
Борон... борон... борон... Бас аз вазиши бод шикан дар шикан астӣ, Чун гесуи нобофтаи ёри ман астӣ. Чун модари ман тор кашӣ, шол бибофӣ,
Миннати он даме, ки мо бо ҳам
Миннати он даме, ки мо бо ҳам Дар раҳи зиндагӣ шинос шудем. Як дам аз хештан бадар рафтем, Як дам аз ишқ бениёз шудем.
Рафтанд то само
Рафтанд то само Кайҳоннавардҳо, Аммо ҳанӯз ҳам Аз остони дар
Роҳ бинанд ҷониби куҳсор
Роҳ бинанд ҷониби куҳсор Чашмҳоям ба ҳини танҳоӣ. Шабаҳе пеши дидаам тобад Чун азизе ба чашми раҳпое.
Ман зиндаам ба хотири дидори орзу,
Ман зиндаам ба хотири дидори орзу, Ман зиндаам ба хотири ёри хаёлиям, Ман зиндаам ба хотири он ишқи сармаде, К-орад паёми дилфиреб аз безаволиям.
Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг,
Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг, Зи ҳар дарё бинӯшам як каф обе, Зи ҳар гулбун канам як шохаи гул, Зи ҳар базме хурам ҷоми шаробе,
Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил
Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил Бехгӯшӣ баҳри ёре хонадаш. Баҳри таскини дилу таскини рӯҳ Ошиқи шабзиндадоре хонадаш.
Падарам, эй падари деҳқонам,
Падарам, эй падари деҳқонам, Ту ҳамехостӣ деҳқон бошам. Наравам як қадам аз деҳ берун, Бандаи мазҳабу имон бошам.
ТАНҲОӢ
Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ, Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ. Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ Бошӣ, вале бе дарди ҳама халқ нишинӣ.
Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ –
Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ – Ҷаҳони пуртазоди орзуҳо. Миёни корзори ақлу эҳсос – Ҷаҳони пуршикасти ҷустуҷӯҳо,
ЗИНДАГӢ (3)
Хостам муддате зиям бедоғ, Бехато, бегуноҳ, белағзиш. Хостам муддате зиям ором, Бетараф, барканор, беларзиш.
АФСОНАИ ҶАВОНӢ
Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист, Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист. Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи фардо, Имрӯзи ман ба номи фардо пур аз ҷав
БА ЖУРНАЛИСТ
Кишти деҳқон чу сар кашад аз хок, Сар кашад кишти муддаои ту ҳам. Хӯшаҳо ҳар замон, ки дон банданд, Хӯша бандад мақолаҳои ту ҳам.
Ҳар касе буд зиндагиафрӯз,
Ҳар касе буд зиндагиафрӯз, Ҳар кӣ аз зиндагиш асар бошад, Дар шумори ҳама ҳунарҳояш Мурданаш низ як ҳунар бошад.
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх, Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш. Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест, Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомада
Ҳар ғуруб оям лаби рӯди равон
Ҳар ғуруб оям лаби рӯди равон Офтоб аз об доман баркашад. Ҳамсуруди мавҷҳои пуршикан Аз дили ман нағмаҳое сар кашад.
Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ
Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ Дар ҳавои хонаам печидаед, Кардаед андар сарам бозорҳо, Дар дили девонаам печидаед.

