Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЁДЕ АЗ БАЧЧАГӢ

Бачча будам. Баҳор мавсими тӯл Гарчи майлам набуд чӯпонӣ, Бо чи шавқу талош мерафтам Фориғи дарс гӯсфандбонӣ, То даме гул бичинам аз ёла, Гули кӯҳӣ ба модарам орам. Ҳамраҳи барраҳо давам ҳар сӯ, Барраро рӯи даст бардорам; То даме дар фарози куҳсорон Тармаҷоро ба чашми худ бинам. Кокули обшорро бофам, Сари шах бо хаёл биншинам... Рӯзе аз рӯзҳо пас аз борон Шуд ҳаво офтобу абр гурехт. Гӯӣ борону тобиши хуршед Дурру марҷон ба рӯи дашт бирехт. Мечариданд барраҳо озод Ҷаъдмӯ, ширбоз, бозигар. Мечариданд мешҳо хуррам Рӯи дашти фарох сабзаи тар. Меше як сӯ ба меҳр мелесид Барраашро, ки буд навзода. Барра ҷон мегирифту метобид Ҷаъди мӯяш маҳину озода. Ногаҳ аз осмон фуруд омад Каргасе, барраро ба чанг рабуд, Меш як қад париду наъра кашид, Ки магар ранҷи ман барои ту буд?! Каргас андар фазо ҳамепаррид, Сояаш медавид рӯи замин. Медавид аз қафои он соя Меш бо қаҳру бо дили ғамгин. Соя он қадр дуртар мерафт, Аз паяш меш он қадар метохт. Дарнамеёфт сояро гарчанд, Он қадар тезу тундтар метохт. Медавидам ман аз қафои меш, Ки чаро медавӣ, надорад суд.