Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Миннати он даме, ки мо бо ҳам

Миннати он даме, ки мо бо ҳам Дар раҳи зиндагӣ шинос шудем. Як дам аз хештан бадар рафтем, Як дам аз ишқ бениёз шудем. Миннати он раҳе, ки беминнат Кард наздик роҳи дилҳоро. Миннати он хамӯшии мутлақ, Ки шунидем оҳи дилҳоро. Миннати он шабе, ки чун чодар Рӯйпӯши гуноҳи мо мебуд. Аз тиреза нигоҳи хираи моҳ Гӯиё хайрхоҳи мо мебуд. Рахти хобат чу маснади шоҳӣ Шоҳиди ҷангу оштиҳо буд. Сандуқи синаат зи хотираҳо Ҳамчу сандуқи пур зи тилло буд. Ба димоғам ҳинои гесуят Накҳати навбаҳор меовард. Дар канорат дилам зи хушкомӣ Оламе дар канор меовард. Гули гулдони ту шукуфт он шаб, То саҳар хонаро муаттар кард. Субҳи козиб – дурӯғгӯи вақт Раҳзане буду раҳзанӣ сар кард. ... Миннати он шабе, ки дар оғӯш Сад ҳазорон сапеда пинҳон сохт. Лаънати он сапедаи козиб, Ки дили ҷамъи мо парешон сохт...