Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дили девонае дорам, намедонам чӣ мехоҳад
Дили девонае дорам, намедонам чӣ мехоҳад Ба дарди ӯ гирифторам, Физояд ҳар нафас доғеву аз он доғ хушбахт аст, На хуш хобам, на бедорам,
Ошиқам, гар бо манӣ, гар бе манӣ,
Ошиқам, гар бо манӣ, гар бе манӣ, Ошиқам, то он ки барноиву пок. Ошиқам, то ҳастӣ дар рӯи замин, Ошиқам, то банда берунам зи хок.
СОЯҲОИ ҒУРУБ
Сояҳои дарози вақти ғуруб Рӯзи кӯтоҳро фурӯ бурданд. Кӯр карданд чашми равшани рӯз, Ба сари рӯз пой афшурданд.
Хонуми сабз, сабзтар бошӣ,
Хонуми сабз, сабзтар бошӣ, Давлати ҳусни ту фаровон бод! Зери ин осмони лӯъбатбоз Ахтари толеат фурӯзон бод!
Ошиқон – шоирони бедевон,
Ошиқон – шоирони бедевон, Ошиқон – олимони беунвон, Ошиқон – булбулони беовоз, Ошиқон – кӯдакони гулгардон –
Эй тасаллои ҷони пазмонам,
Эй тасаллои ҷони пазмонам, Бе ту бар ман ҳаёт беранг аст. Бо ҷаҳон ошноиям донӣ, Ошноии шишаву санг аст.
ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ
Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам, Баҳри чӣ, баҳри кӣ, чаро мурдӣ? Ман аминам, чу зодаи куҳсор, Ҳар чӣ ҳам буд, баҳри мо мурдӣ.
Гили ту аз гили шеъру суруд аст,
Гили ту аз гили шеъру суруд аст, Дили ту худ дили шеъру суруд аст. Ҷаҳони бебадал дорӣ миёни шеъри девонҳо, Ки саршор аст аз эҳсоси дарду атри армонҳо.
ҒАЗАЛИ БОҒБОНИ ПИР
Нигар ба боғи шукуфон, Нигар ба шохаи пурбар, Нигар ба раддаи себу анору зардолу – Чу раддаи аскар –
НАМАКИ ХАЛҚ
Гарчи шоир минбари виҷдони халқ аст, Гарчи шоир ровии армони халқ аст, Нони шоир аз сухан не, Нони шоир нони халқ аст.
Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор,
Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, Агар эҳсоси мо хушкад, Агар ишқи дили мову ту хушкад, ҷои фарёд аст, Ки бе ӯ баҳри мо на нашъаи умру на эҷод аст.
БА ҶОИ ТАСАЛЛӢ
Бедил, ки нестӣ, Ҳамдил чӣ боядат? Раҳҷӯ, ки нестӣ, Манзил чӣ боядат?
РӮ БА РӮ БО ХЕШТАН ДАР ХИЛВАТИ АНДЕШАҲО
Боз мешӯрад дили ман, боз меларзад вуҷудам, Боз мегиряд ғурурам, боз менолад сурудам, Дар ҷаҳони нақду нася – Ман чӣ будам? Ман кӣ будам?
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд. Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро, Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.
Димоғи хеш тар карда ба барфу тармаи Анзоб
Димоғи хеш тар карда ба барфу тармаи Анзоб Шамоли кӯҳ меояд, ки дорад бӯи боронҳо. Гули бодом дар гесӯву ҳулбӯ дар баногӯшаш, Ба гардан чанбаре аз ҷамбили кӯҳив
Ин кӯҳи чу шоири хаёлӣ,
Ин кӯҳи чу шоири хаёлӣ, Ин сояи дар хамӣ шикаста, Симчӯби қатору дар сари сим Гунҷишки қатор шадда баста.
Аз файзи ҳамал чу набзи ошиқ
Аз файзи ҳамал чу набзи ошиқ Дар навдаи ток хун давидаст. Ҳамчун дили ту фазо кушода, Ҳамчун дили ман замин дамидаст.
ИФТИХОР
Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд, Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд, Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд, Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд.
БА ХОТИРАИ ҒОИБ САФАРЗОДА
Гуфта будам туро, ки тунд марав, Тунд рафтӣ, бубин, куҷо рафтӣ... Ба хатои ҳама бишӯридӣ, Худ чаро аз ҷаҳон хато рафтӣ?
Духтари хоназоди хатлонӣ,
Духтари хоназоди хатлонӣ, Дер мондӣ ту аз ҷавонии ман. Ту гули навшукуфтаӣ, аммо Рафта айёми гулфишонии ман.
Гули хайрию гули бобуна,
Гули хайрию гули бобуна, Домани пираҳану домани дашт. Ғам махур, эй дили одаткарда, Боз як ишқи ду-серӯза гузашт.
Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост,
Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост, Айни сабзидану шукуфтанҳост. Бахши ман ҳар чӣ ҳаст, дирӯзист, Бахши ту ҳар чӣ ҳаст, дар фардост.
Чун ту бисёр дилбарон буданд
Чун ту бисёр дилбарон буданд Ҷонфидои латифи давлати ишқ. Дили ман сер шуд зи оғушҳо, Чашми ман сер шуд зи лаззати ишқ.
РОҲҲО
Гаҳ рост, гаҳ пурпечутоб То қулла боло меравӣ. Аз байни барфу тармаҳо Бо сад таманно меравӣ.
Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд,
Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд, Дастовезе барои дӯст оташ доштанд. Яъне чун оташ фурӯзон буд дар дил меҳрашон, Яъне имону дили бедоғу беғаш доштанд

