Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

РӮ БА РӮ БО ХЕШТАН ДАР ХИЛВАТИ АНДЕШАҲО

Боз мешӯрад дили ман, боз меларзад вуҷудам, Боз мегиряд ғурурам, боз менолад сурудам, Дар ҷаҳони нақду нася – Ман чӣ будам? Ман кӣ будам? Гоҳ гарди обшорам, гоҳ дарди рӯзгорам, Гаҳ ба барги гул ғуборам, гоҳ борони баҳорам, Дар ҷаҳони рафту омад – Бор дорам? Ё надорам? Гоҳ ҳукме бар сириштам, гоҳ доғи сарнавиштам, Гоҳ жӯлида ба хокам, гоҳ мурғе аз биҳиштам, Дар ҷаҳони коғазу гил – Ман чӣ бинвиштам? Чӣ киштам? Гарчи ман дар як дили худ сад дилеро озмудам, Гарчи ман дар як дили худ сад ҷаҳонеро кушудам, Аз нишони хеш метарсам, ки пурсам – Балки будам? Ё набудам?..