Чун ту бисёр дилбарон буданд
Чун ту бисёр дилбарон буданд
Ҷонфидои латифи давлати ишқ.
Дили ман сер шуд зи оғушҳо,
Чашми ман сер шуд зи лаззати ишқ.
Солҳое ки ишқ варзидам,
Дар дилам шӯриши қиёмат буд.
Қути шомам дуои «шаб хуш бод!»
Ноштоям ғами муҳаббат буд.
Ваҳ, чи бисёр чашму рӯю лаб
Дили гарми маро бишӯронданд.
Борҳо сӯхтам, касе нашнохт,
Борҳо мурдаму нагӯронданд...
Гарчи имрӯз бо ту печонам,
Гарчи бо ту тарона мехонам,
Илтиҷо мекунам, макун бовар,
Ки дурӯғу фасона мехонам.
Дар ту мебинаму дилам холист,
Ман ба ҳусни ту носазоворам.
Он дили ҳаркуҷоии худро
Пора-пора чӣ гуна ҷамъ орам?!
Ҳар куҷо рафт, ҳар чи коре кард,
Ҷумла ангези зиндагонӣ буд.
Як замон доштам диле пуршӯр,
Эй хушо, эй хушо, ҷавонӣ буд.
Рафт, бехайрухуш ҷавонӣ рафт,
Акнун аз дасти ман чӣ меояд?
Акнун ошӯбҳо фурӯ хуфтанд,
Чашми чоре маро намепояд.
Акнун он сон ки Рӯдакӣ бе чашм
Аз Бухоро ба Панҷрӯд омад,
Бо қади хам ба зери бори ғам
Руд бишкаста, бе суруд омад,
Бигзарам аз миёни кӯчаи шаҳр
Бо нигоҳи заифу ҳузнолуд.
Нангарам бар ҷамоли маҳрӯён,
Бори ғамро кашам ба хонаи худ...