Ҳар касе буд зиндагиафрӯз,
Ҳар касе буд зиндагиафрӯз,
Ҳар кӣ аз зиндагиш асар бошад,
Дар шумори ҳама ҳунарҳояш
Мурданаш низ як ҳунар бошад.
Бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин
Ҳар кӣ яктост, ҳар кӣ беҳамтост,
Маргаш аз зиндагиш номитар,
Мурданаш низ чун худаш зебост.
Мурд бояд чу Зоя дар таҳи дор,
Ё чу Мӯсо Ҷалил дар зиндон,
То бифахрад Ватан ба ҳар айём
Аз ҳунарномаҳои фарзандон.
Мурд бояд чу Икари густох
Бо паре, ки бисӯхт хуршедаш.
Бо пари сӯхта ба хок афтод,
Лек кай сӯхт боли уммедаш!?
Мурд бояд ба роҳи мақсадҳо
Бо камолу шукӯҳи рӯзафзун,
Чун Комаров, к-аз раҳи парвоз
Чун ситора фитод аз гардун.
Мурд бояд чу Гал1
ҳаме бесар,
То тани бесарат ба гӯр равад.
Боқӣ монад вале сарат ба ҷаҳон,
То сари чанд бесаре бишавад.
барҷастапешониро меомӯхт. Пеш аз марг сари худро
ҳам барои коллексияи худ васият кард. Тани бесараш
дар Париж хок шудааст.
Мурд бояд, ки охирин нафасат
Гуфтаи он нагуфтаҳо гардад.
Чашми баста, забони ногӯё
Рӯнамои нуҳуфтаҳо гардад.
Мурд бояд чунон ки мурдани мо
Охирин саҳнаи зафар бошад.
Марги мо бо ҳама ҳунарҳомон
Вопасин саҳнаи ҳунар бошад!
Мурд бояд чунон ки ёд оранд
Аз ғами баҳри халқ хурдаи мо.