ХОКИ ПАДАРОН
Хоки падарон аст замине, ки дар ӯ
Мо тухми умеду орзу коштаем.
Хуни падарон аст, ки ҳамранги шафақ
Мо парчами фирӯзӣ барафроштаем.
Гӯри падарон, ки хоки мурдаст, дареғ,
Тобад ба назар чун варами рӯи замин.
Гӯӣ ба ҳамин гӯр фаро омадааст
Кулли ғаму дарду алами рӯи замин.
Зинҳор магӯӣ, ки ба беҳуда гузашт
Даврони шаҳомату замони падарон.
Ҳар ғунча, ки бишкуфад ба сад ранг имрӯз
Аз хок бируста чун нишони падарон…