МАРСИЯИ ХУРШЕД
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
На он тақлид ин тақлид,
На он хуршед ин хуршед.
Зи баъди чанд милён сол мемирӣ ту, эй Хуршед!
Ҷавоби он қадар дарвозаҳои субҳро бикшоданат
аз одаму олам
мукофоте намегирӣ ту, эй Хуршед!
Замин гаҳвораи фарзанди одам буд,
Ту чун гаҳвораҷунбоне суруди алла мехондӣ.
Ҳама шаб ахтаронро рӯи он гаҳвора чун зоча
Барои кӯдакони хокзода медурахшондӣ.
Ду чашми кӯдаки навзод аз рӯзи бинои умр
Пас аз модар туро медид.
Ду чашми қаҳрамон дар корзорон лаҳзаи мурдан
Туро медиду модарро надида чашм мепӯшид.
Ва дар зикри нигоҳи вопасинаш
чун нишони умр
Зи ту як порае бар хоки тар мебурд.
Даруни гӯр,
Андар синаи хомӯшу сарди ӯ
Чу ёри ҷонбаҷонаш пораи нури ту ҳам мемурд.
Туро ҳар бандаи миранда бо худ мебарад
бар гӯр,
Ту бо ҳар бандаи мирандае мемирӣ, эй Хуршед!
Ту бо ҳар ахтаре, к-аз базми анҷум дур мегардад,
Ту бо ҳар чашми биное, ки аз ғам кӯр мегардад,
Ту бо ҳар қатраи хуне, ки афтода ба гил ,
мағшуш мегардад,
Ту бо ҳар қатраи обе,
Ки дур афтода аз ҷӯши тарокумҳову тӯфонҳо,
Ба зери шуълаат хомӯш мегардад,
Паёпай,
зарра-зарра,
ноаён мекоҳӣ, эй Хуршед!
Ту бо ҳар марди зиндонӣ, ки дар зиндон
Зи пушти панҷара чашмаш ба сӯи қурси ту
мурдаст,