Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

СИТОРАҲОИ СӮХТА

Бисёр ситораҳои мо сӯхт Аз пастии мо дар осмонҳо. Бисёр азизи мо фурӯ мурд Норафта бурун зи остонҳо. Бисёр бузурги мо ба хорӣ Бигзашт зи ҷабри ҷонситонҳо, Аммо дили халқ дар амон монд, Бар рағми ҳама аҷал ҷавон монд. Бисёр фалаҷ шуд ақлу фитрат, Бисёр бимурд орзуҳо. Бисёр фурӯ нишаст ҷуръат, Фаввораи азму ҷустуҷӯҳо. Бисёр чу оби ҷӯй бигзашт Аз хоки замона оби рӯҳо, Аммо дили халқ дар амон монд, Бар рағми ҳама аҷал ҷавон монд. Он қадр гусаст тори эҳсос, Он қадр шикаст пушти ҳиммат. Он қадр фитод зору бекас Ҷонбози ватан ба хоки ғурбат, Он қадр бихӯрд зарби ағёр, Он қадр кашид бори меҳнат, Аммо дили халқ дар амон монд, Бар рағми ҳама аҷал ҷавон монд. Аз як деҳа то деҳи дигар буд Тартиби дигар, ҷаҳони дигар. Як бом, валек ду ҳаво буд, Меҳру маҳу осмони дигар. Як халқ ба ном буду ҳар қавм Бо лаҳҷаю бо нишони дигар, Аммо ҳамаро як орзуе – Уммед ба қисмати накӯе. То миллати мо бисохт миллат Аз дашти ҳазор ҷанг бигзашт. Дар оташи ҷанги мову ман сӯхт, Аз санҷиши ному нанг бигзашт. Дар оташи дил гудохт худро, Аз тиргаҳи туфанг бигзашт,