Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ҚАТЛИ ДАРЁ

Ба хотираи Саҳбо Шоири донодилеро, Шоири дарёдилеро Ғарқ карданд... Дар лаби дарё Сабукборони соҳилҳо – Гурӯҳи бетаҳаммулҳову камдилҳо Дошта аз дасту пояш, Ғарқ бинмуданд андар қаъри дарёяш... То надонистанд ӯ ҳам буд дарёе, То надонистанд ӯ ҳам буд дарёи пур аз фарёду ғавғое... То надонистанд шоир низ дарёе бувад, З-инҳисори мову ман ҷӯёи паҳное бувад, То надонистанд дарёе биомезад ба дарёи дигар, Мешавад пурзӯртар, пуршӯртар...