Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дилам парвоз мехоҳад,
Дилам парвоз мехоҳад, Ба ҳар ҷое, ки раҳ дорад хаёли ман, Дилам парвоз мехоҳад. Дилам, дар ҳар чӣ мебинам ба чашми дил,
Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам? Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам. Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
ЧОРДАРД
Яке дарди бимонӣ зинда ё на, Яке дарди чӣ пеш ояд сари зо. Яке дарди чӣ хоҳад буд имрӯз, Яке дарди чӣ хоҳад буд фардо;
Дар қиёси гӯри мардон пештар
Дар қиёси гӯри мардон пештар Гӯри занро жарфтар мекофтанд, Гӯӣ ӯ дорад гуноҳони азим – Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд.
ҶОМАИ ГАДОӢ
Чу ман бар арсаи ҳастӣ қадам мондам, Ту бо уммеди бисёре Дари ҳар хонае рафтӣ. Гадоӣ кардӣ аз ҳар хонае як пора газворе –
ДАР ШАБИ БОРОН
Ин шаби туршрӯи боронӣ Кулбаи модарам ба ёд омад. Боми ӯ мечакад зи боронҳо, Дар дилам оламе ба дод омад.
ҶАВҲАРИ ҲАСТӢ
Аз сари пистони ту сар мешавад шӯри ҳама, Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама. Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ, Қобили сурат шавад обу гиле,
То ту будӣ, модарам,
То ту будӣ, модарам, Хона пур буд. Сад ҷаҳон аз ҳикмати пирона пур буд. То ту будӣ, модарам,
МУНОҶОТ БА МОДАР
Мӯйҳо даққиву рӯмоли сиёҳ, Ғабғаби пурчину абрӯи дуранг, Эй дареғ, ангуштҳо чангак шуда, Зиндагӣ аммо раҳо гашта зи чанг...
Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Чу аз модар ба дунё омадам ман, Маро дар гоҳвора баста буданд. Сари гаҳвораам биншаста ёрон, Бароям номи лоиқ ҷуста буданд.
ДАР САРИ ГӮР
Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам, Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам. Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал ба даст Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модара
ДОМОНИ МОДАР
Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан, То наафтад, дошт ӯ аз домани ту. То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо, Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин танҳоӣ, модар, Ту монанди замин яктоӣ, модар. Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ Миёни ҳам басо тақсим карданд.
МОДАР
Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон, Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ, Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
ФАРЗАНДОН
Ту ҳайрон мешавӣ, модар, Ки ман, фарзанди ту ҳар сол як бор Дурӯза меҳмонӣ мебиёям. Пас аз сайру сафар аз шаҳрҳои номию зебо,
ҚАРЗ
Ҷавониро ба ту ман қарз хоҳам дод, Ба уммеде, ки баргардонӣ бозаш, Ба рӯзи бекасиҳо дар ғуруби зору танҳоӣ. Ба рӯзи шодмонӣ ҷом деҳ онро,
НОНУ НАСИБ
Куҷо рафтанд, эй модар, Куҷо рафтанд кафтарҳои навболу парат, модар, Куҷо рафтанд фарзандони навдилдодаат, модар? Бисоти тӯй меандӯхтӣ,
М О Д А Р Н О М А НАСИҲАТИ МОДАР
Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлӯи рост! Он ҳама коре, ки нийят мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
БА МАРДУМИ ПАНҶЕКАТ
(Бардошт аз ифтитоҳи муҷассамаи Деваштич) Сари оғушта дар хуни Деваштич Биёмад бар Ватан аз шаҳри Бағдод.
Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад,
Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад, Хаёлам дам аз умри озод зад, Вале нек дидам, ки ингуна буд, Раҳи чапғалат буд, воруна буд.
БИДРУД, ЭЙ НОҲАМРАҲОН!
Сангҳоро гуфтам: по шавед, биравем ба шаҳри ормонҳо. Ба сарам сангборон шуданд.
Дар ин ҷаҳон пас аз он ҷанги ҷаҳон
Дар ин ҷаҳон пас аз он ҷанги ҷаҳон Боз ҳам Ду маслух алорағми қисмат зинда монданд: Яке яздонпараст,
Ман бо шумо будам,
Ман бо шумо будам, Қадри маро надонистед, Ё донистан натонистед, Ва ман бо шумо бидруд гуфтаму рафтам,
Маро, тоҷикро, тоҷикон, шукри худо,
Маро, тоҷикро, тоҷикон, шукри худо, накуштаанд ҳанӯз. Бо тири тапончаҳо ва мусалсал ва хумпораандоз –
Ман алвонҷи баланд мехостам,
Ман алвонҷи баланд мехостам, Шаҳболамро шикастанд. Ман силсилаи номуси миллатро Дона-дона пайвастан мехостам.

