Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар қиёси гӯри мардон пештар

Дар қиёси гӯри мардон пештар Гӯри занро жарфтар мекофтанд, Гӯӣ ӯ дорад гуноҳони азим – Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд. Гӯри занро жарфтар мекофтанд, То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад. То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае – Боиси маъсияти покон шавад. Бехабар аз он ки зан модар бувад, Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст. Бар чунон одатшиносони дурушт Ӯ насиби зиндагонӣ додааст. Бехабар аз он, ки модар холиқ аст, Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо. Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо... Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст. Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад, К-он чунон ноқадрдонон зодааст...