Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чу Турсунзода бо боли замона
Чу Турсунзода бо боли замона Накардам сайр ақсои ҷаҳонро. Надидам обшорони Ниагар, На Эронрову на Ҳиндустонро.
СИПОСНОМА ҚИТЪАИ ШЕЪР
Ба устод Мирзо Турсунзода Диле дорӣ, ки дар он Осиё гунҷад, Дар ӯ шӯру қиёми осиён гунҷад, Дар ӯ занҷирҳо бигсаста аз дасти ғуломон,
ДУБАЙТИҲО
Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
РУБОИЁТ
Бар мадфани модарам чу гул бигзорам, Ман мӯи сафеди хешро бишморам. Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад, Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.
Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ,
Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ, Зери лаб гап мезадӣ, бо сад дуо гап мезадӣ. Гиря мекардӣ ниҳон дар пушти девори алам, Бо алам аз марги хешу ақрабо га
Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро, Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро. Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардаам Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.
Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯи мазори ту,
Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯи мазори ту, Гуле аз орзуҳои ҷавонию баҳори ту. Намегунҷад ягон дар гӯшаи хобу хаёли ман, Ки ин оромгоҳи тусту хатми рӯзгори ту.
Ба кӯи охират рафтӣ, сари кӯи ту менолам,
Ба кӯи охират рафтӣ, сари кӯи ту менолам, Ҳама сӯи худо ноланд, ман сӯи ту менолам. Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯи замин холист, Ба рӯи ин замин дар ҳасрати рӯ
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст, Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст. Дар фазои абадийят паи парвози дароз Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар, Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар. Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш, Ягона меҳрубони ман туӣ модар, ту
Бо ду чашми хирабин нури куҳистон, модарам,
Бо ду чашми хирабин нури куҳистон, модарам, Шуълае аз оташи оташпарастон, модарам. Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст, Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, мод
ҚАСИДАИ МОДАР
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон, Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
ВОЛОТАР АЗ ҲАМА
Як дами ҷон костани модарон Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон. Як нигаҳи шуълавари модарон Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
ҒАЗАЛҲО * * *
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст, Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст. Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд, Ғами дунёи наву куҳна ҳама бо
МОДАРАМ, ЭЙ МОДАРИ ДУНЁНАДИДА
Рӯзҳои шоду беосебамон буд. Як дарахти себамон буд. Зери боли шохҳояш ҷойгоҳи хобамон буд,
РОҲНИШИН
Дар сари роҳ аст гӯрат, модари ғамкуштаи ман, Шеъри дарду оҳи ҷонам, байти хуноғуштаи ман.
ТУ ОЗОДӢ МАГАР, ЭЙ ЗАН?
Ту озодӣ магар, эй зан? Зи худ шодӣ магар, эй зан? Туро озод кард Уктабр Зи банди ҷаҳлу зулму ҷабр,
ГУНБАДИ САБЗИ МАЗОРИ МОДАРАМ
Дар баҳорон бо ҳазорон мавҷи сабз – Гунбади сабзи мазори модарам, Зери боми гунбади ҳафт осмон Ҳар куҷо бошам, туро ёд оварам.
СУОЛ АЗ МОДАРИ ТОҶИК
Модари тоҷики ман, Эй модари бисёрфазанд, Дар мақоми аввалӣ дар силки зодан, Дар мақоми аввалӣ ҳам низ дар фарзанд мурдан...
ҲАҚҚИ МОДАРӢ
Эй дарахте, ки ман зи шохаи ту Гоҳу бегоҳ мевае хурдам, Ҳам зи чӯби туву зи сояи ту Баҳри ҳоҷот баҳрае бурдам,
ХАЗОН
Хазон мерӯфтӣ он рӯз, эй модар, Хазон мерӯфтӣ аз пешгоҳи кулбаи фартут. Хазони умр аз аҷзои ту мерехт, Хазон мерӯфтӣ...
КАТИБАЕ ДАР ПУШТИ ВОПАСИН АКСИ МОДАРАМ, КИ МУҲИДДИН ОЛИМПУР БАРДОШТААСТ
Қиблагоҳам! Модари олампаноҳам! Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодастӣ ҳанӯз.
Зинда бошад модари гулпарварат,
Зинда бошад модари гулпарварат, То ки бахти мову ту гул оварад. Бар сари мову ту гул резад мудом, Завқи гул дар сина ангезад мудом.
СУРУДИ МОДАР
Тифли гирёнам, калон шав, Дар ҷаҳон аз ман нишон шав, Достон шав! Достон шав!
Шеър гуфтам ба ҳаққи ту, модар,
Шеър гуфтам ба ҳаққи ту, модар, Ҳамдеҳон хондаву нафаҳмида, Хонда кӯри намакҳаром маро, Пеши ту омаданд шӯрида,

