Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ТУ ОЗОДӢ МАГАР, ЭЙ ЗАН?

Ту озодӣ магар, эй зан? Зи худ шодӣ магар, эй зан? Туро озод кард Уктабр Зи банди ҷаҳлу зулму ҷабр, Вале аз зулм вораста, Шудӣ озоди вобаста. Асири осмонӣ ту. Асири бадсиголиҳои пайдову ниҳонӣ ту. Асири туҳмату буҳтон, Асири ҳирси номардон, Асири таъну зуъму рашки худхоҳону худкомон, Асири ҳукми шавҳарҳо, Асири хонаву дарҳо, Асири нафси бедардону болинҳову бистарҳо, Асири дину имону худоҳову паямбарҳо, Асири расму одатҳо, Асири фарзу суннатҳо, Асири қолаби ахлоқу найрангу ҷаҳолатҳо, Асири хонабандӣ ту, Асири макру фандӣ ту, Асири фахру нози мардҳои худписандӣ ту. Туӣ якумр обастан, Туӣ озоди побаста. Туӣ обастани «фардо», Вале «фардо»-и ту имрӯз мемирад, Надида рӯз мемирад. Ту чун ҳар сол шаш милён кунӣ исқот, Чӣ сон афзоядат авлод? Агарчи зодагони ту барои рӯзгори саъду бобарганд, Вале, афсӯс, ағлаб туъмаи марганд... Пилони кори ту ҳар рӯз афзояд, Чӣ сон заҳдони ту «фахри замон» зояд, Чӣ гуна қаҳрамон зояд? Нишони қаҳрамонмодар ба рӯи сина дорӣ ту, Ҷаҳони қаҳрамонмодар надорӣ ту! Миёни раддаи бадбӯи танбоку Зи худ мепурсӣ «фардо» ту?