Шеър гуфтам ба ҳаққи ту, модар,
Шеър гуфтам ба ҳаққи ту, модар,
Ҳамдеҳон хондаву нафаҳмида,
Хонда кӯри намакҳаром маро,
Пеши ту омаданд шӯрида,
Ки туро Лоиқат – ҷигарбандат
Бахудо, дар газет баровардаст.
Бо ҳама ояте, ки омухтӣ
Радду расвои оламат кардаст,
Ки туӣ мӯъмину мусулмоне,
Ҳолия мардумон камунистанд.
Ҳеҷ донӣ, ки исму ҷисматро
Мардуми даҳр ҷумла донистанд.
Модарам, эй зани беҳ аз мардон!
Машнав ин гуна доду фарёде.
Ба мани бегуноҳ бовар кун,
Он чунон, ки маро ту худ зодӣ.
Он чӣ дар шеър васфи ту гуфтам,
Ба ҷаве ростӣ, намеарзад.
Ба ҳаққи шири хештан аз ман
Он чӣ мехостӣ, намеарзад.
Ман туро шукр гуфтаму миннат,
Баски худ ибтидои ман будӣ.
Ман туро бо ҷаҳон шиносондам
Он чунон ки барои ман будӣ.
Лек афсӯс, сад ҳазор афсӯс,
Ки ҳама ҳамдеҳон мусулмонанд.
Кеши ман одамист, ин мардум
Қасди ман чист, аз куҷо донанд...
Баҳри онҳо намозу рӯза бас аст,
Лоиқаш кист? Аз куҷо донанд...
Ростӣ, шеърҳои Лоиқро
Дар Мазори Шариф намехонанд...