Дилам парвоз мехоҳад,
Дилам парвоз мехоҳад,
Ба ҳар ҷое, ки раҳ дорад хаёли ман,
Дилам парвоз мехоҳад.
Дилам, дар ҳар чӣ мебинам ба чашми дил,
Зи нав оғоз мехоҳад.
Дилам бисёр мехоҳад, ки ман бо ақли имрӯзӣ
Ҳама он шеърҳои гуфтаамро аз дигар гӯям.
Ҳар он роҳе, ки сӯи манзилам бурдаст,
Зи нав ёбам, зи нав ҷӯям.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки бар ҳар ваъдагаҳ бори дигар оям.
Ва он дилбар саропо ғарқ андар хандаи
саршори мастона
Ба сӯям болафшон чун малак аз осмон ояд,
Ҳарири болҳояш бар дарахту бомҳои шаҳр
дармонад,
Вале ӯ аз фазои пурғубори шаҳр
Чунон ки дар ҷавонӣ буд,
Ба сӯям ногаҳон ояд,
Ҷавон ояд...
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки ҳар ишқе, ки варзидам,
Зи нав варзида бошам бо дили дардошнои хеш.
Зи нав шӯрида бошам ман,
Зи нав аз шодии дидорҳо ларзида бошам ман,
Зи нав андар гуноҳи ошиқӣ жӯлида бошам ман.
Ба он азме, ки дигар дар муҳаббат бехато бошам,
Зи нав такрор созам он ҳама саҳву хатои хеш.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони бесариҳоям,
Равам бар хонаи он ҳамдеҳони худ,
Ки бо санги камонғӯлак шикастам
шишаҳошонро,
Равам, то маъзарат хоҳам,
Равам, то мағфират хоҳам.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Равам бар лонаи он мурғакони бепаноҳи