ҚАРЗ
Ҷавониро ба ту ман қарз хоҳам дод,
Ба уммеде, ки баргардонӣ бозаш,
Ба рӯзи бекасиҳо дар ғуруби зору танҳоӣ.
Ба рӯзи шодмонӣ ҷом деҳ онро,
Ба рӯзи талхкомӣ бесухан, бедаст бинвозаш.
Ба поям чанги роҳе не,
Зи рӯи барфи навборида пешат омадам аз дур,
Зи рӯи сабзаи навруста пешат омадам аз дур,
Раҳораҳ худ ба худ афсонаи номи туро хонда,
Нахустин нақши пои хешро бо номи ту монда,
Зи байни кӯҳҳое, ки сукути ҷовидон доранд,
Зи мавҷи рӯдҳое, ки бас асрори ниҳон доранд,
Ба пешат омадам аз дур.
Зи дарё омадам, аммо вуҷудам ташнаю тафта,
Бидеҳ як косаи обам,
Ки ман чун раҳгузар як лаҳзае истода,
хоҳам рафт,
Ба ту аз кӯҳҳо, аз рӯдҳо асрор хоҳам гуфт,
Китоби кӯҳҳо бо ман, суруди рӯдҳо бо ман.
Ба ту аз баччагиям, бекасиям, хорузориям,
Зи ашки модарам,
Аз он ба дарҳо рафта нон пурсиданаш,
Аз он калиди баста андар нӯги мӯҳояш,
Зи чарху дук,
Зи тӯри чашмбанд,
Аз тӯдаи хокистари гармаш,
Ки авлотар зи сад зартӯдаю ганҷи падар гӯянд,
Зи пои лухту урёни кафида, чарм гардида,
Зи дастони дурушташ, дар навозиш
нозуку нармаш,
Зи кӯҳистон,
Зи тарма,
Аз танини найкашии боди саргардон,
Сухан бисёр хоҳам гуфт.
Бимон, то дар булӯри чашми ман монад
нишони ту,
Ва онро чун раҳоварде барам,
Бикшода, чашмамро нишон бидҳам,