Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абӯсаиди Абулхайр

Абӯсаиди Абулхайр

967 - 1049

Абӯсаиди Абулхайр — орифи машҳур, шоир ва яке аз бузургтарин намояндагони тасаввуф дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аст. Ӯ бо лақаби Султон-ул-орифин (султони орифон) низ шинохта мешавад. Ӯро аввалин шоире медонанд, ки рубоӣ-ро барои баёни афкори ирфонӣ ва тасаввуф ба таври васеъ истифода бурдааст. Таълимоти ӯ бар пояи ишқи илоҳӣ, хизмат ба халқ ва дурӣ аз риёву зоҳирпарастӣ асос ёфтааст. Шайх Абӯсаид бо рафтору гуфтори худ озодии маънавиро тарғиб мекард ва дар маҳфилҳои ӯ шеъру мусиқӣ ва самоъ ҷойгоҳи хос доштанд

465Шеърҳо
6,145Боздид

Мавзӯъҳои шеърҳо

11 тег

Тавсияи мо барои шиносоӣ бо Абӯсаиди Абулхайр

Ё раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам,

👁 82

Ё раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам, Мӯҳтоҷи бародарону хешон нашавам. Бе миннати халқи худ маро рӯзӣ деҳ, То аз дари ту бар дари эшон нашавам.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,

👁 48

Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,

👁 30

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ, Субҳоналлаҳ, кушоиши кор туӣ. Субҳоналлаҳ, ба амри ту кунфаякун, Субҳоналлаҳ, ғафуру ғаффор туӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ,

👁 27

Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ, В-аз домани шаб субҳнамоянда туӣ. Кори мани бечора қавӣ баста шудаст, Бикшой, Худоё, ки кушоянда туӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дардо, ки дар ин сӯзу гудозам кас нест,

👁 18

Дардо, ки дар ин сӯзу гудозам кас нест, Ҳамроҳ дар ин роҳи дарозам кас нест. Дар қаъри дилам ҷавоҳири роз басест, Аммо чӣ кунам, маҳрами розам кас нест.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй шамъи дилам қомати санҷидаи ту,

👁 12

Эй шамъи дилам қомати санҷидаи ту, Васли ту ҳаёти ин ситамдидаи ту. Чун оина пур шуд дилам аз акси рухат, Сӯят нигарам, валек аз дидаи ту.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,

👁 9

Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Осор

Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ,

Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ, В-аз домани шаб субҳнамоян...

👁 27

Аллоҳ туӣ, в-аз дилам огоҳ туӣ,

Аллоҳ туӣ, в-аз дилам огоҳ туӣ, Дармонда манам, далели ҳар р...

👁 39

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ, Субҳоналлаҳ, кушоиши кор ту...

👁 30

Эй он ки кушояндаи ҳар банд туӣ,

Эй он ки кушояндаи ҳар банд туӣ, Берун зи иборати чиву чанд ...

👁 33

Эй он, ки барорандаи ҳоҷот туӣ,

Эй он, ки барорандаи ҳоҷот туӣ, Ҳам кофилу кофии муҳиммот ту...

👁 22

Оинасифат ба дасти ӯ некӯӣ,

Оинасифат ба дасти ӯ некӯӣ, З-ин сӯй намудаӣ, вале з-он сӯӣ....

👁 28

Он ҷо, ки бибоӣ, на падидӣ гӯӣ,

Он ҷо, ки бибоӣ, на падидӣ гӯӣ, Он ҷо, ки набоӣ, аз замин ба...

👁 15

Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ,

Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ, Фармон барам, ар суду зиё...

👁 15

Эй дилбари исонафаси тарсоӣ,

Эй дилбари исонафаси тарсоӣ, Хоҳам, ки ба пеши банда бе тарс...

👁 21

Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ?

Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ? Гуфто худро, ки ман худам ...

👁 20

Покию муназзаҳию беҳамтоӣ,

Покию муназзаҳию беҳамтоӣ, Касро нарасад мулк бад-ин зебоӣ. ...

👁 10

Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ,

Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ, Овард биҳӣ, то набувад д...

👁 15

Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,

Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ ...

👁 22

Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ,

Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ, В-ар дар сифати хеш ...

👁 8

Аз ҳастии хеш то пушаймон нашавӣ,

Аз ҳастии хеш то пушаймон нашавӣ, Сарҳалқаи орифону мастон н...

👁 19

Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ,

Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ, В-аз гармии баҳс маҷлисаф...

👁 14

Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ,

Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ, Хоҳӣ, ки зи хоби ҷаҳл б...

👁 19

Таҳқиқи маъонӣ зи иборот маҷӯй,

Таҳқиқи маъонӣ зи иборот маҷӯй, Бе рафъи қуюду эътиборот маҷ...

👁 11

Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве,

Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве, Ҷоне чӣ бувад, ки корвоне ...

👁 12

Эй дар хами чавгони ту сарҳо шуда гӯй,

Эй дар хами чавгони ту сарҳо шуда гӯй, Берун на зи фармони т...

👁 23

Майдони фароху марди майдоне не,

Майдони фароху марди майдоне не, Мардони ҷаҳон чунонки медон...

👁 17

Гар дар Яманӣ, чу бо манӣ, пеши манӣ,

Гар дар Яманӣ, чу бо манӣ, пеши манӣ, Гар пеши манӣ, чу бе м...

👁 64

Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ,

Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ, Бедории шабҳои дарозам бинӣ...

👁 7

Аз содагию салимию мискинӣ

Аз содагию салимию мискинӣ В-аз саркашию такаббуру худбинӣ Б...

👁 15

Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ,

Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ, Олудаи ҳар нокасу касро чӣ к...

👁 26
Саҳифаи 1 аз 19

Шоирони дигар

Собирова Нигора
Собирова Нигора
1994
Эраҷ Мирзо
Эраҷ Мирзо
1874 - 1926
Ш
Шоири номаълум
Собирова Дилбар
Собирова Дилбар
1989
Озари Бегдилӣ
Озари Бегдилӣ
1721 - 1781