Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дил ба сурат надиҳам, то шуда сират маълум
Дил ба сурат надиҳам, то шуда сират маълум, Бандаи ишқаму ҳафтоду ду миллат маълум. Воизо, ҳавли қиёмат ба дили мо мафикан! Ҳавли ҳиҷрон гузарондему қиёмат маъл
То мард сухан нагуфта бошад
То мард сухан нагуфта бошад, Айбу ҳунараш нухуфта бошад. Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланг хуфта бошад.
То кай дилат аз чархи ҳазин хоҳад буд?
То кай дилат аз чархи ҳазин хоҳад буд? Бо меҳнату дард ҳамнишин хоҳад буд? Хуш бош, ки рӯзгор пеш аз ману ту То буд, чунон буду чунин хоҳад буд.
Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд
Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд, Аз дурдии дард талхкомаш карданд. Гӯё ҳама ғамҳои ҷаҳон дар як ҷо Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.
Чун сурати зебои ту андохтаанд
Чун сурати зебои ту андохтаанд, Сад ҳусну малоҳат ба ҳам омехтаанд. Алқисса, ки шакли оламорои туро Дар қолаби орзуи мо рехтаанд.
Оне ки тамом аз намакат рехтаанд
Оне ки тамом аз намакат рехтаанд, Зарроти вуҷудат зи намак бехтаанд. Бо шираи ҷонҳо намак омехтаанд, То ҳамчу ту сурати барангехтаанд.
Рӯзу шаби ман ба гуфтугӯи ту гузашт
Рӯзу шаби ман ба гуфтугӯи ту гузашт, Солу моҳи ман ба ҷустуҷӯи ту гузашт. Умрам ба тавофи гирди кӯйи ту гузашт, Алқисса, дар орзуи рӯйи ту гузашт.
Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест
Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест, Дар мушкили ман умеди осонӣ нест. Ғам кушт марову кас ба додам нарасид, Пиндоштам, ки дар ин шаҳр мусулмонӣ нест.
Ғам дораму ғамгусор мебояду нест
Ғам дораму ғамгусор мебояду нест, Дар дасти ман он нигор мебояду нест. Дарди сара агар намебояду ҳаст, Ташрифи ҳузури ёр мебояду нест.
Азбаски маро давлати бедор кам аст
Азбаски маро давлати бедор кам аст, Гуфтан натавон, ки то чӣ миқдор кам аст. Ранҷест фироқат, ки камаш бисёр аст, Айшеcт висоли ту, ки бисёр кам аст.
Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст?
Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст? Ин хол чӣ холу ин чӣ зулфи аҷаб аст? Рӯи ту дар он ду зулфи мушкин чӣ аҷаб? Ҳар рӯз, ки ҳаст, дар миёни ду шаб аст.
Гар дил биравад, ман наравам аз назарат
Гар дил биравад, ман наравам аз назарат, В-ар ҷон бидиҳам, хок шавам дар гузарат. Чун гард шавам, бар остонат оям, Бинишинаму барнахезам аз хоки дарат.
Шуд моҳи ман он шамъи шабафрӯз имшаб
Шуд моҳи ман он шамъи шабафрӯз имшаб, Гӯ, чархи фалак, зи рашк месӯз имшаб! Имшаб на шаби васл, шаби қадри ман аст, Беҳтар зи ҳазор рӯзи Наврӯз имшаб.
Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб
Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб, Эй маҳ, бинишин дар паси девор имшаб. Эй меҳр, бипӯш рӯи худро дар абр, Эй субҳ, дами хеш нигаҳ дор имшаб.
Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро
Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро, Дар банди ҷафои худ шунудам ҳамаро. Зинҳор, зи кас вафо маҷӯед, ки ман Дидам ҳамаро в-озмудам ҳамаро.
Боз ой, ки аз ҷон асаре нест маро
Боз ой, ки аз ҷон асаре нест маро, Мадҳушаму аз худ хабаре нест маро. Хоҳам, ки ба ҷониби ту парвоз кунам, Аммо чӣ кунам? Болу паре нест маро.
Гӯям ба ту номи он шакарлаб
Гӯям ба ту номи он шакарлаб, Ширинтар аз ин чӣ кор бошад? Хурмо бигузину бифкан аз вай Чизе, ки миёни хор бошад.
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ, Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ! Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр, Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.
Унсури иқбол, Аҳмад, он чу Муҳаммад
Унсури иқбол, Аҳмад, он чу Муҳаммад, Қотеи даъвии ширку ҳуҷҷати имон. Қуввати бозуи шаръу ноҳии бидъат, Котиби асрори ваҳю носихи адён.
На ғалла, маро к-аз ў тавонам нўшид
На ғалла, маро к-аз ў тавонам нўшид, На муҳмали ғалла, то тавонам пўшид. Онро ки на хўрдан асту на пўшидан, Дар илму ҳунар кучо тавонад кўшид?
Забон чӣ моя тавон доштан чунин ба ниём?
Забон чӣ моя тавон доштан чунин ба ниём? Сухан бибояд гуфтан ба ҷойгоҳ тамом. Газанди хомӯш будан ба ҷойгоҳи сухан Баробар ояд бо гуфтан ба ноаҳангом.
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд, Туруш шаванду битобанд рӯ зи аҳли суол. Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест, Маро, ки металабам, худ чӣ гуна бошад ҳ
Сангу гавҳар якест чун нахарӣ
Сангу гавҳар якест чун нахарӣ, Чӣ кунӣ хонумони худ пурсанг? Ба ду тангӣ басанда кор мабош, Тангии гӯру зиндагонии танг.
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой, Ба як даст ҷому ба як даст чанг. Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ Чу ёқут гардад ба фарсанг санг!
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил, Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг. Оҳу ба дашт агар бихӯрад қатрае аз ӯ, Ғурранда шер гардаду н-андешад аз пал