Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ошиқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон566Абӯсаиди Абулхайр159Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ89Саъдии Шерозӣ40Ҳофизи Шерозӣ34Абдураҳмони Ҷомӣ33Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ33Зебуннисо Махфӣ30Бадриддин Ҳилолӣ25Лоиқ Шералӣ15Камоли Хуҷандӣ13Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ10Абуалӣ ибни Сино5Исматов Бахтиёр5Абдулқодири Бедил4Гулрухсор Сафӣ4Мирзо Турсунзода4Муҳташами Кошонӣ4Толиби Омулӣ4Абулқосим Лоҳутӣ3Авҳадуддин Анварӣ3Гулчеҳра Сулаймонӣ3Умари Хайём3Ҳушанги Соя3Абдураҳмони Мушфиқӣ2Адибаи Ҳабиб2Азиз Форисӣ2Аскар Ҳаким2Бозор Собир2Бону Саида Муҳидинзода2Неру Эроншо2Садриддин Айнӣ2Шавкати Бухороӣ2Шоири номаълум2Ғании Кашмирӣ2Абдулаева Рухшона1Абулқосими Фирдавсӣ1Амир Хусрави Деҳлавӣ1Аниса Назарӣ1Давлатов Соҳибҷон1Камол Ҷаъфарӣ Имомзода1Камолиддин Биноӣ1Мавлавӣ Ҷунунӣ1Манучеҳр Дилшодзод1Миров Муҳаммаддовуд1Муъмин Қаноат1Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ1Низомии Ганҷавӣ1Робиаи Балхӣ1Розиқи Фонӣ1Султон Валад1Фаррухии Сиистонӣ1Ҳусайни Мунзавӣ1

Ошиқ, ки ғамаш бар ҳама кас зоҳир буд,

👁 22

Ошиқ, ки ғамаш бар ҳама кас зоҳир буд, Ҷамъияти ӯ тафриқаи хотир буд. Дар даҳр даме хуш назада, шод бизист, Гӯё ки дами хушаш дами охир буд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд,

👁 24

Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд, Пиндошт, расад ба манзили васли ту зуд. Гоме ду-се рафту роҳро дарё дид, Чун пой дарун ниҳод, мавҷаш бирабуд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аввал рухи худ ба мо набоист намуд,

👁 22

Аввал рухи худ ба мо набоист намуд, То оташи мо ҷои дигар гардад дуд. Акнун, ки намудию рабудӣ дили мо, Ночор туро дилбари мо бояд буд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Комил зи яке ҳунар даҳу сад бинад,

👁 10

Комил зи яке ҳунар даҳу сад бинад, Ноқис ҳама ҷо маъоиби х(в)ад бинад. Халқ оинаи чашму дили якдигаранд, Дар оина нек неку бад бад бинад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Хоҳони ту дил ба меҳри гардун наниҳад,

👁 25

Хоҳони ту дил ба меҳри гардун наниҳад, Лаб бар лаби ин косаи пурхун наниҳад. Дар доираи аҳли вафо чун паргор Гар сар биниҳод, пой берун наниҳад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,

👁 118

Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд, Гирди дару боми дӯст парвоз кунанд. Ҳар ҷо, ки даре бувад, ба шаб барбанданд, Илло дари ошиқон, ки шаб боз кунанд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд,

👁 24

Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд, Гар зулм кунӣ, саги авонат хонанд. Чашми хирадат боз куну нек бибин, То з-ин ду кадом беҳ, ки онат хонанд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад,

👁 25

Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад, Ҷон давлати васли ӯ наҷӯяд, чӣ кунад? Он лаҳза, ки бар оина тобад хуршед, Оина «Анашшамс» нагӯяд, чӣ кунад?

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад,

👁 15

Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад, Маъшуқ карашмае ки некӯст, кунад. Мо ҷурму гунаҳ кунему ӯ лутфу карам, Ҳар кас чизе ки лоиқи ӯст, кунад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Мардони Худо зи хокдони дигаранд,

👁 20

Мардони Худо зи хокдони дигаранд, Мурғони ҳаво зи ошёни дигаранд, Мангар ту аз ин чашм бад-эшон, к-эшон Фориғ зи ду кавну дар макони дигаранд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аз дафтари ишқ ҳар кӣ фарде дорад,

👁 27

Аз дафтари ишқ ҳар кӣ фарде дорад, Ашки гулгун, чеҳраи зарде дорад. Бар гирди саре равад, ки шӯрест дар ӯ, Қурбони диле шавад, ки дарде дорад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,

👁 16

Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд, Сад фитнаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд. Сад ништари ишқ бар раги рӯҳ заданд, Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд,

👁 21

Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд, Заҳре ки расад, ҳамчу шакар бояд хӯрд. Ҳарчанд туро бар ҷигар обе набувад, Дарё-дарё хуни ҷигар бояд хӯрд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гул аз ту чароғи ҳусн дар гулшан бурд,

👁 26

Гул аз ту чароғи ҳусн дар гулшан бурд, В-аз рӯи ту оина дили равшан бурд. Ҳар хона, ки шамъи рухат афрӯхт дар ӯ, Хуршед чу зарра нур аз равзан бурд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дил вақти самоъ бӯи дилдор барад,

👁 27

Дил вақти самоъ бӯи дилдор барад, Моро ба саропардаи асрор барад. Ин замзамаи маркаб мар рӯҳи турост, Бардораду хуш ба олами ёр барад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аз чеҳраи ошиқонаам зар борад,

👁 16

Аз чеҳраи ошиқонаам зар борад, В-аз чашми тарам ҳамеша озар борад. Дар оташи ишқи ту чунон биншинам, К-аз абри муҳаббатам самандар борад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳар сурати дилкаш, ки туро рӯй намуд,

👁 16

Ҳар сурати дилкаш, ки туро рӯй намуд, Хоҳад фалакаш зуд зи чашми ту рабуд. Рав, дил ба касе деҳ, ки дар атвори вуҷуд Будаст ҳамешаву дигар хоҳад буд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гуфтам: Чашмат. Гуфт, ки бар маст мапеч,

👁 17

Гуфтам: Чашмат. Гуфт, ки бар маст мапеч, Гуфтам:-Даҳанат.Гуфт:- Манеҳ дил бар ҳеч. Гуфтам:-Зулфат. Гуфт:-Пароканда магӯй, Боз овардӣ ҳикояте печопеч.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дӣ зулфи абирбези анбарсоят

👁 27

Дӣ зулфи абирбези анбарсоят Аз тарфи буногӯши сумансимоят Дар пои ту афтоду ба зорӣ мегуфт: Сар то поям фидои сар то поят.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Сад шукр, ки гулшани сафо гашт танат,

👁 23

Сад шукр, ки гулшани сафо гашт танат, Сиҳҳат гули ишқ рехт дар пираҳанат. Табро ба ғалат дар танат афтод гузор, Он таб арақе шуду чакид аз баданат.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ёр омаду гуфт: Хаста медор дилат,

👁 31

Ёр омаду гуфт: Хаста медор дилат, Доим ба умед баста медор дилат. Моро ба шикастагон назарҳо бошад, Моро хоҳӣ, шикаста медор дилат.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Он дил, ки ту дидаӣ, зи ғам хун шуду рафт,

👁 27

Он дил, ки ту дидаӣ, зи ғам хун шуду рафт, В-аз дидаи хунгирифта берун шуду рафт. Рӯзе ба ҳавои ишқ сайре мекард, Лайлисифате бидуду Маҷнун шуду рафт.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳаргиз аламе чу фурқати ҷонон нест,

👁 13

Ҳаргиз аламе чу фурқати ҷонон нест, Дарде батар аз воқиаи ҳиҷрон нест. Гар тарки видоъ кардаам, маъзурам, Ту ҷони манӣ, видоъи ҷон осон нест.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест,

👁 11

Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест, Он ҷо ҳама коҳиш аст, афзоиш нест. Бе дарду алам таваққуъи дармон нест, Бе ҷурму гунаҳ умеди бахшоиш нест.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист,

👁 23

Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист, Моем ба дарди ишқ, то ҷон боқист. Ғам нуқлу надим дарду мутриб нола, Май хуни ҷигар, мардуми чашмам соқист.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр
Саҳифаи 9 аз 23