Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чашме ба саҳоб ҳамнишин мебояд,
Чашме ба саҳоб ҳамнишин мебояд, Хотир ба нишот хашмгин мебояд. Сар бар сари дору сина бар синаи теғ, Осоиши ошиқон чунин мебояд.
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд,
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд, Аз ҳоли биҳиштиён маро нанг ояд. В-ар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд, Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.
Пирем, вале чу ишқ дамсоз ояд,
Пирем, вале чу ишқ дамсоз ояд, Ҳангоми нишоту тарабу ноз ояд. Аз зулфи сиёҳи ту каманде фиканам Бар гардани умри рафта, то боз ояд.
Маъшуқаи хонагӣ ба коре н-ояд,
Маъшуқаи хонагӣ ба коре н-ояд, К-ӯ дил бараду рӯй ба кас нанмояд. Маъшуқи хароботию мутриб бояд, То нимшабон занону кӯбон ояд.
Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид,
Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид, Филҳол дилам хун шуду аз дида чакид. Чашми ту накӯ шавад, ба ман чун нигарӣ, То кӯр шавад, ҳар он ки натвонад дид.
Овард сабо гуле зи гулзори умед,
Овард сабо гуле зи гулзори умед, Ё рӯҳи қудус шаҳпар афканд сафед. Ё кард сабо шақ варақе аз хуршед, Ё номаи ёр аст, ки овард навид.
Дилбар дили хастаро ягон мехоҳад,
Дилбар дили хастаро ягон мехоҳад, Бифристам, гар дилаш чунон мехоҳад. В-он гаҳ ба назора дида бар раҳ биниҳам, То мужда кӣ оварад, ки ҷон мехоҳад.
Дил васли ту, эй меҳргусил, мехоҳад,
Дил васли ту, эй меҳргусил, мехоҳад, Айёми висол муттасил мехоҳад. Мақсуди ман аз Худой бошад васлат, Уммед чунон шавад, ки дил мехоҳад.
Ар куштани ман ду чашми мастат хоҳад,
Ар куштани ман ду чашми мастат хоҳад, Шак нест, ки табъи бутпарастат хоҳад. Тарсанда аз онам, ки агар бар дастат Ман кушта шавам, кӣ узри дастат хоҳад?
Рӯзе, ки ҷамоли дилбарам дида шавад,
Рӯзе, ки ҷамоли дилбарам дида шавад, Аз фарқи сарам то ба қадам дида шавад. То ман ба ҳазор дида рӯяш нигарам, Оре, ба ду дида дӯст кам дида шавад.
Номард ба теғи ишқ бесар нашавад,
Номард ба теғи ишқ бесар нашавад, Андар раҳи ишқу ошиқӣ бар нашавад. Ҳам ёр талаб кунию ҳам сар хоҳӣ, Оре, хоҳӣ, вале муяссар нашавад.
Ошиқ, ки ғами ҷони харобаш наравад,
Ошиқ, ки ғами ҷони харобаш наравад, То ҷон бувад, аз ҷон табу тобаш наравад. Хосияти симоб бувад ошиқро, То кушта нагардад, изтиробаш наравад.
Ошиқ, ки ғамаш бар ҳама кас зоҳир буд,
Ошиқ, ки ғамаш бар ҳама кас зоҳир буд, Ҷамъияти ӯ тафриқаи хотир буд. Дар даҳр даме хуш назада, шод бизист, Гӯё ки дами хушаш дами охир буд.
Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд,
Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд, Пиндошт, расад ба манзили васли ту зуд. Гоме ду-се рафту роҳро дарё дид, Чун пой дарун ниҳод, мавҷаш бирабуд.
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд,
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд, То оташи мо ҷои дигар гардад дуд. Акнун, ки намудию рабудӣ дили мо, Ночор туро дилбари мо бояд буд.
Комил зи яке ҳунар даҳу сад бинад,
Комил зи яке ҳунар даҳу сад бинад, Ноқис ҳама ҷо маъоиби х(в)ад бинад. Халқ оинаи чашму дили якдигаранд, Дар оина нек неку бад бад бинад.
Хоҳони ту дил ба меҳри гардун наниҳад,
Хоҳони ту дил ба меҳри гардун наниҳад, Лаб бар лаби ин косаи пурхун наниҳад. Дар доираи аҳли вафо чун паргор Гар сар биниҳод, пой берун наниҳад.
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд, Гирди дару боми дӯст парвоз кунанд. Ҳар ҷо, ки даре бувад, ба шаб барбанданд, Илло дари ошиқон, ки шаб боз кунанд.
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд,
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд, Гар зулм кунӣ, саги авонат хонанд. Чашми хирадат боз куну нек бибин, То з-ин ду кадом беҳ, ки онат хонанд.
Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад,
Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад, Ҷон давлати васли ӯ наҷӯяд, чӣ кунад? Он лаҳза, ки бар оина тобад хуршед, Оина «Анашшамс» нагӯяд, чӣ кунад?
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад,
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад, Маъшуқ карашмае ки некӯст, кунад. Мо ҷурму гунаҳ кунему ӯ лутфу карам, Ҳар кас чизе ки лоиқи ӯст, кунад.
Мардони Худо зи хокдони дигаранд,
Мардони Худо зи хокдони дигаранд, Мурғони ҳаво зи ошёни дигаранд, Мангар ту аз ин чашм бад-эшон, к-эшон Фориғ зи ду кавну дар макони дигаранд.
Аз дафтари ишқ ҳар кӣ фарде дорад,
Аз дафтари ишқ ҳар кӣ фарде дорад, Ашки гулгун, чеҳраи зарде дорад. Бар гирди саре равад, ки шӯрест дар ӯ, Қурбони диле шавад, ки дарде дорад.
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд, Сад фитнаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд. Сад ништари ишқ бар раги рӯҳ заданд, Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд.
Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд,
Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд, Заҳре ки расад, ҳамчу шакар бояд хӯрд. Ҳарчанд туро бар ҷигар обе набувад, Дарё-дарё хуни ҷигар бояд хӯрд.