Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дишаб, ки ба кӯи ёр мегардидам,
Дишаб, ки ба кӯи ёр мегардидам, Донӣ, ки паи чӣ кор мегардидам? Қурбони хилофи ваъдааш мегаштам, Гирди сари интизор мегардидам.
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам,
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам, Дар ҳаҷри ту бо нолаву шеван будам. Гуфтам ба дуо, ки чашми бад дур зи ту, Эй дӯст, магар чашми бадат ман будам?
Ҳаргиз набувад шикасти кас мақсудам,
Ҳаргиз набувад шикасти кас мақсудам, Озурда нашуд зи ман диле, то будам. Сад шукр, ки чашми айббинам кӯр аст, Шодам, ки ҳасуд нестам, маҳсудам.
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам,
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам, Ҷону дилу дидаро ба ғам фарсудам. Мепиндоштам, ошиқу маъшуқ дуянд, Чун ҳар ду якест, ман худ аҳвал будам.
Андар талаби ёр чу мардона шудам,
Андар талаби ёр чу мардона шудам, Аввалқадам аз вуҷуд бегона шудам. Ӯ илм намешунид, лаб бар бастам, Ӯ ақл намехарид, девона шудам.
Дар ишқ чӣ беҳ зи бурдборӣ, эй дил,
Дар ишқ чӣ беҳ зи бурдборӣ, эй дил, Гӯям ба ту як сухан зи ёрӣ, эй дил. Ҳарчанд расад зи ёр хорӣ, эй дил, Зинҳор ба рӯи ӯ наёрӣ, эй дил.
Чандат гуфтам, ки дида бардӯз, эй дил,
Чандат гуфтам, ки дида бардӯз, эй дил, Дар роҳи бало фитна маяндӯз, эй дил. Акнун ки шудӣ ошиқу бадрӯз, эй дил, Тан дардиҳу ҷон кану ҷигар сӯз, эй дил.
Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,
Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил, Бар маркаби орзу савор ояд дил. Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ, В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил?
Меруст зи Дашти Ховарон лолаи ол,
Меруст зи Дашти Ховарон лолаи ол, Чун донаи ашки ошиқон дар маҳу сол. Бинмуд чу рӯи дӯст аз парда ҷамол, Чун сурати ҳоли ман шудаш сурату ҳол.
Дасте, ки задӣ ба ноз бар зулфи ту чанг,
Дасте, ки задӣ ба ноз бар зулфи ту чанг, Чашме, ки зи диданат зи дил бурдӣ занг. В-он чашм бибаст бе туам дида ба хун, В-он даст бикӯфт бе туам сина ба санг.
Дар ишқи ту, эй дилбари пуркинаву ҷанг,
Дар ишқи ту, эй дилбари пуркинаву ҷанг, Гаштем саропои ҷаҳон бо дили танг. Шуд даст зи кору монд по аз рафтор, Ин баски ба сар задему он баски ба санг.
Домони ғинои ишқ пок омад, пок,
Домони ғинои ишқ пок омад, пок, З-олудагии ниёз бо муште хок. Чун ҷилвагару назорагӣ ҷумла худ ӯст, Гар мову ту дар миён набошем, чӣ бок.
Бар уди дилам навохт як замзама ишқ,
Бар уди дилам навохт як замзама ишқ, З-он замзамаам зи пой то сар ҳама ишқ. Ҳаққо, ки ба аҳдҳо наёям берун, Аз уҳдаи ҳақгузории якдама ишқ.
Дил кард басе нигоҳ дар дафтари ишқ,
Дил кард басе нигоҳ дар дафтари ишқ, Ҷуз дӯст надид ҳеч рӯ дарх(в)ари ишқ. Чандонки рухат ҳусн ниҳад бар сари ҳусн, Шӯрида дилам ишқ ниҳад бар сари ишқ.
Шӯхе, ки ба дида буд доим ҷояш,
Шӯхе, ки ба дида буд доим ҷояш, Рафт аз назарам сарви қади раънояш. Гашт аз паи ӯ қатразанон мардуми чашм, Чандонки зи ашк обила шуд бар пояш.
Донӣ, ки маро ёр чӣ гуфтаст имрӯз,
Донӣ, ки маро ёр чӣ гуфтаст имрӯз, Ҷуз мо ба касе дарманигар, дида бидӯз. Аз чеҳраи хеш оташе афрӯзад, Яъне ки биёву дар раҳи дӯст бисӯз.
Дил ҷуз раҳи ишқи ту напӯяд ҳаргиз,
Дил ҷуз раҳи ишқи ту напӯяд ҳаргиз, Ҷон ҷуз сухани ишқ нагӯяд ҳаргиз. Саҳрои дилам ишқи ту шӯристон кард, То меҳри касе дар он нарӯяд ҳаргиз.
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир, Чун толиби манзилӣ ту, дар роҳ бимир. Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна З-ин сон, ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.
Гуфтам, ки:Дилам.Гуфт: Кабобе кам гир,
Гуфтам, ки:Дилам.Гуфт: Кабобе кам гир, Гуфтам: Чашмам. Гуфт: Саробе кам гир. Гуфтам: Ҷонам. Гуфт, ки: Дар олами ишқ Бисёр хароб аст, харобе кам гир.
Эй пушти ту гарм карда санҷобу самур,
Эй пушти ту гарм карда санҷобу самур, Яксон ба мазоқи ту чи ширину чи шӯр. Аз ҷониби ишқ бонг бар бонгу ту кар, В-аз ҷониби ҳусн арз дар арзу ту кӯр.
Гуфтам: Чашмам. Гуфт: Ба роҳаш медор,
Гуфтам: Чашмам. Гуфт: Ба роҳаш медор, Гуфтам: Ҷигарам. Гуфт: Пуроҳаш медор. Гуфтам, ки: Дилам. Гуфт: Чӣ дорӣ дар дил? Гуфтам: Ғами ту. Гуфт: Нигоҳаш медор.
Сарриштаи дӯст, эй бародар ба каф ор,
Сарриштаи дӯст, эй бародар ба каф ор, В-ин умри гиромӣ ба хасорат магузор. Доим ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама кор Медор ниҳуфта чашми дил ҷониби ёр.
Чашмам, ки надошт тоби наззораи ёр,
Чашмам, ки надошт тоби наззораи ёр, Шуд ашкфишон ба пеши он симъизор. Дар сели сиришк акси рухсораш дид, Нақши аҷабе бар об зад охири кор.
Ҷонам ба лаб аз лаъли хамӯши ту расид,
Ҷонам ба лаб аз лаъли хамӯши ту расид, Аз лаъли хамӯши боданӯши ту расид. Гӯши ту шунидаам, ки дарде дорад, Дарди дили ман магар ба гӯши ту расид?
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд,
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд, Сайди ту зи ман қавитаре мебояд. Ман мурғи ба як шӯъла кабобам, бигузор, К-ин оташро самандаре мебояд.